Форуми 5-уми байналмилалии БРО дар Филиппин ифтитоҳ ёфт
Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Форуми 5-уми байналмилалии Бонки Рушди Осиё (БРО) дар мавзўи «Маҳорату малака: афзалиятҳои ҷорӣ дар самти таҳсилоти касбию техникӣ ва тайёрии кадрҳо» дар шаҳри Манилаи Филиппин имрӯз, 1 декабр ба кори худ оғоз кард.
Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифӣ Усмоналӣ Ноибпур дар форум Тоҷикистонро намояндагӣ дорад.
Бояд зикр кард, ки дар низоми вазорат 63 литсейи касбию техникӣ фаъолият менамояд, ки дар он зиёда аз 21 ҳазор касбомўз аз рўи 90 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Латифӣ Усмоналӣ дар кори форум вобаста ба ҳамкорӣ бо Бонки Рушди Осиё оид ба масъалаҳои ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникӣ, таъмини раванди таълим бо таҷҳизоту техникаи замонавии таълимӣ, аёнияту китобҳои дарсӣ сухан мегӯяд. Дар форум инчунин масъалаҳои такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунанда ва муҳандисию омўзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави меъёрҳои салоҳиятноки таълим мавриди баррасӣ қарор мегиранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






