Гохан Гудер бо ҷараёни татбиқи ду лоиҳа шинос шуд
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Намояндаи Бонки Исломии Рушд Гохан Гудер аз ҷараёни татбиқи ду лоиҳа — лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна-марҳилаи III» ва лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP)» дидан кард. Хотиррасон мекунем, ки аз 7 то 12 декабри соли ҷорӣ намояндаи Бонки Исломии Рушд Гохан Гудер бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Инчунин намояндаи Бонки Исломии Рушд Гохан Гудер аз бо сохтмони чор иншооти марҳилаи сеюми лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Кўлоб шинос шуда, ба сифату суръати иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, дар баробари ин Гохан Гудер бо вазири маориф ва илм Нуриддин Саид мулоқот намуда, миёни ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Исломии Рушд маблағгузоришаванда суҳбати ихтисосӣ анҷом дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






