Густариши ҳамкории Филиппин бо Тоҷикистон

Декабрь 11, 2015 02:30

Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Филиппин Даниел Рамос Эспириту 10-уми декабр дар қатори  дигар сафирон дар назди намояндагони васоити ахбори омма баён дошт, ки бо як зумра ашхоси расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  имкони васеъ барои мулоқоти муфиду судманд рӯи даст омад. 
«Шояд кишвари мо дар минтақаи Осиё дур аз кишвари тоҷикон ҷойгир буда, таърихи муносибат ва робитаҳои дуҷонибаи мо ҷавон бошад, аз дигар ҷиҳат ин инъикоскунанда ва ё ифодакунандаи он мебошад, ки мо ҳанӯз иктидор ва имконоти зиёд барои ҳамкории минбаъдаи густурда дорем. Дар айни замон ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бобати мувофиқакунонии лоиҳаи се санади муҳиму мубрам қарор доранд, ки ба имзо расонидани   ин се созишнома имкон медиҳад, то ҳамкорӣ ва робитаҳои байни ду кишвар ба таври муассир дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ба роҳ монда шаванд. Яке аз чунин санад соҳаи сайёҳӣ буда, дигаре дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҷилавгирӣ аз андозбандии дукарата ва ниҳоят созишномаи сеюм дар мавриди пуштибонӣ ва мусоидат барои ҷалби сармоягузориҳои мутақобила мебошад»,-гуфт сафир.
Сафири Ҷумҳурии Филиппин дар Тоҷикистон иброз намуд, ки зимни адои вазифа тамоми кӯшишу заҳматҳои худро барои густаришу инкишофи ҳамкории муфиду судманд байни ду кишвар ба харҷ хоҳад дод.

 

Декабрь 11, 2015 02:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад