Хатнасури 1050 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд дар соли 2015

Декабрь 23, 2015 05:15

Хуҷанд, 23.12.2015. (АМИТ «Ховар»). —  Дар 11 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 31 729 тӯю маърака, аз ҷумла 7 210 хатнасур баргузор шудааст.
Дар ин давра 16 661 тўйи домодию арӯсӣ, 4 737 маросими чил ва 3 114 маъракаи сол баргузор гардида, миқдори баргузории тӯю маъракаҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, аз ҷумла хатнасур 1 749 ва домодию арӯсӣ 3 933 адад кам шудааст.
Дар рӯзҳои таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ хатнасури хайриявии 1050  писар аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат, инчунин тӯйи домодию арӯсии 22 ҷуфт навхонадорон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон гузаронида шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

 

Декабрь 23, 2015 05:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад