Хизматчиёни давлатӣ асосхои фаьолияти иттилоотии мақомоти давлатиро меомӯзанд
Душанбе, 23.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 5 нафар кадрҳои ҷавони хизматчии давлатӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тачрибаи Ҷумҳурии Қазокистонро оид ба принсипҳои фаьолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон меомӯзанд.
Дар рӯзи нахустини курси такмили ихтисос хизматчиёни давлатии тоҷик бо фаьолияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазокистон ошно гардида, оид ба таҷрибаи кишвархо табодули афкор намуданд. Устодону коршиносони соҳа ба онҳо оид ба тарзи фаьолияти самараноки сомонаҳои мақомоти давлатӣ, кор бо сомона, ҷой намудани хабару гузоришхои матнию видеоӣ ва гузоштани аксҳо маьлумот доданд.
Инчунин иштирокчиёни курси такмили ихтисос бо маркази технологияҳои иттилоотӣ, маркази тестӣ (имтиҳонсупорӣ)-и хизматчиёни давлатӣ, ки намояндагии худро дар шаҳру вилоятҳо дошта, тавассути технологияҳои иттилоотӣ аз як марказ назорат карда мешавад, аз наздик ошно гардида, таҷрибаи заруриро аз худ намуданд.
Таькид шуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Қазокистон бештар аз 68 ҳазор нафар ба ҳайси хизматчии давлатӣ фаьолият карда, маьлумоти зарурӣ оид ба онҳо дар як махзани иттилоотӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ба кадрҳои ҷавони хизматчии давлатии тоҷик кормандони Маркази омӯзишӣ — таҳлилӣ оид ба масьалаҳои муқовимат бар зидди коррупсия маърӯза хонда, таҷрибаи худро оид ба мубориза бар зидди коррупсия тавассути технологияҳои иттилоотӣ омӯзониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






