Хоҳиши Озарбойҷон аз кишварҳои соҳили баҳри Хазар
Душанбе, 07.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Озарбойҷон аз хадамоти сарҳадии кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар хоҳиш намуд, ки барои ҷустуҷӯи ҷасади нафтчиёне, ки ҳангоми сӯхтор дар кони нафти қитъаи озарбойҷонии баҳр ҳалок гардиданд, ёрӣ расонанд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
«Ширкати давлатии нафт» аз хадамоти сарҳадии Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва Эрон хоҳиш кардааст, ки агар ҷасади ҳалокшудагон бар асари садама дар обҳои ҳудуди онҳо пайдо шаванд, ёрӣ расонанд.
Дар ҳоли ҳозир теъдоди шахсони бедаракшуда 29 нафарро ташкил дода, дар ҷустуҷӯи онҳо чархболу киштиҳо ва гурӯҳҳои ғаввосон иштирок доранд. Сӯхтор дар кони баҳрии нафти «Гюнешли» 4 декабр бар асари тӯфони сахт сар зада, хати лӯлаи газро хароб сохт.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҷасади як нафари ҳалокшуда пайдо гардидааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






