Хуҷанд: Ҳашарчиён ба роҳсозон кумак мерасонанд
Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар)- Имрӯз дар маҳаллаи «Сари баландӣ»-и шаҳри Хуҷанд сокинони чанде аз кӯчаҳо якҷоя бо кормандони Идораи роҳсозии «Суғдроҳ» ба ҳашар баромада, дар таъмири кӯчаи маҳалла ва мумфаршкунии он фаъолона иштирок намуданд. Ба гуфти роҳбарияти маҳаллаи мазкур ин шашумин кӯча аст, ки аз таъмири куллӣ бароварда мешавад.
«Бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳр бомаром идома дорад. Ҳоло ки ҳаво мусоид аст , барои идома додани корҳои таъмири роҳҳо тамоми имконияту захираҳо истифода шуда истодаанд», — зикр намуд раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва афзуд, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд дар соли равон шаш кӯча бо масоҳати беш аз 11 ҳазор метри мураббаъ пурра мумфарш гардида, дар давоми ду соли охир 9 кӯчаи маҳаллаи «Сари баландӣ» бо масоҳати бештар аз 50 ҳазор метри мураббаъ аз таъмири пурраи хушсифат бароварда шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






