Имзои Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ба имзо расид.
Тавре ки дар расми қабули барнома таъкид шуд, Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурўҳи кишварии СММ-ро барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор тавассути пешбурди рушди одилонаи иқтисодӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мусоидат аз тариқи рушди иқтидор, тақвияти заминаҳои стратегӣ ва сиёсӣ, беҳтаргардонии низоми уҳдадорӣ, аз ҷумла дар робита ба механизми ҳифзи ҳуқуқи башари СММ ва расонидани хизматҳои босифати иҷтимоӣ тақвият бахшида, дар давраи муайян мавриди иҷро қарор дода мешавад.
Ба Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар кишвари мо Александр Зуев имзо намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






