Ироқ: неруҳои Туркияро касе даъват накардааст, суханҳои Эрдуғон дурӯғанд
Душанбе, 11.12.2015 (АМИТ «Ховар») .-Узви парлумони Ироқ Аватиф Нема изҳор намуд, ки Ироқ ва Туркия оид ба ҳузури сарбозони Туркия дар қисмати шимолии кишвараш ҳеҷ гоҳ ба мувофиқа наомадаанд. Баталйони танкии Туркия 4-уми декабр сарҳади Ироқро убур карда, дар музофоти Найнаво ҷойгир шуд. Ин амали худро ҷониби Туркия бо мақсади тайёр намудани ҳарбиёни курдии гурӯҳҳои мардумӣ, ки ба муқобили террористон мубориза мебаранд, маънидод кард.
Раҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон изҳор дошт, ки ворид кардани неруҳои кишвараш гӯё бо Бағдод пешакӣ мувофиқа шуда бошад. Парлумони Ироқ изҳороти Президенти Туркияро қотеъона инкор мекунад. Бино ба гуфтаи Аватиф Нема, дар ҳудуде, ки неруҳои Туркия даромадаанд, танҳо пойгоҳҳои созмонҳои террористӣ ҷойгиранд.
Ӯ ин рафтори Туркияро бевосита поймол кардани соҳибихтиёрии Ироқ мешуморад ва дар иртибот ба таҷовуз ва ҳамлаи Туркия ба Ироқ эътироз баён мекунад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






