Ҳисор: Ангур фаровон мешавад
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор аз калонтарин деҳаҳо дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Сокинони ин деҳа солҳои сол ба парвариши тут машғул буда, дар мавсими тутпаз ба сокинони ҷумҳурӣ тути ширину лазиз пешкаш менамоянд, ки ба сиҳатии мардум аҳамияти калон дорад. Инак чанд сол боз бо сарварии Абдурашид Раҳимов, сарвари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кишмиши Тӯда» дар масоҳати 103 гектар токзор бунёд ёфт, ки 71 гектарашро ангури навъи кишмиш ташкил медиҳад. Деҳқонон имсол ҳосили фаровони ангур парвариш намуданд. Аз ҷумла, беш аз 100 тоннаи ин навъи ангур ба Федератсияи Русия интиқол ёфт. Дар баробари фурӯхтани ангуру тайёр кардани мавиз, инчунин сохтмони корхонаи коркарди ангур низ дар нақша аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






