Қиссаи қозӣ Барот: аз Мӯъминобод ба Афғонистон, аз Афғонистон ба Покистону Арабистони Саудӣ

Декабрь 23, 2015 05:33

Душанбе, 23.12.2015 (АМИТ «Ховар»). – Қозӣ Барот Муҳаммад Абдурауф — сокини шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ чанд муддатест, ки меҳмони Тоҷикистон мебошад. Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Қозӣ Барот изҳор кард, ки Тоҷикистон ватани аслиаш буда, барои зиёрати макони гузаштагони худ ва дидор бо наздикону хешони худ дар чанд сол як маротиба ба Тоҷикистон меояд.  Муҳтавои суҳбат бо Қозӣ Барот пешкаши хонандагон мегардад.

АМИТ «Ховар»: Чӣ тавр шуд, ки берун аз Тоҷикистон мондед, кай, бо кадом сабабҳо тарки Ватан кардед?

Қозӣ Барот: Падару бобои мо зодагони мавзеи Муъминободи ноҳияи Кӯлоб ҳастанд. Солҳои пурошӯби 30-юми асри гузашта бо тақозои замони нотинҷу бесубот, аз ночорӣ муҳоҷир шуда, ба кишвари Афғонистон рафтанд. Шояд он вақт падару бобоҳои мо намедонистанд, ки баъд аз чанд сол вазъ чӣ гуна мешавад, шояд андеша доштанд, ки бо гузашти панҷ-шаш сол дубора ба Ватани худ- ба Тоҷикистони азиз бармегарданд, шояд ин муҳоҷир шуданашон ба хотири аз балои замона эмин мондану ҷон ба саломат бурдан сурат гирифта бошад, шояд бо ин амали худ онҳо ҷони худу наздиконашонро эмин нигоҳ дошта бошанд. Вале ҳар чӣ буд набуд, имрӯз мо берун аз Тоҷикистон мондем. Дар зиндагӣ камбуди рӯзгор надорам, аммо афсӯс, ки муҳоҷири аз Ватан дурафтода ҳастам. Худи ман зодаи Афғонистон мебошам. Падару бобоҳои мо то инқилоби баҳори соли 1978-уми мелодии дар Афғонистон сарзада, дар қисмати шимолии ин кишвар истиқомат доштанд. Пас аз инқилоби соли 1978, ки он замон ман аллакай дар даврони наврасӣ қарор доштам, аҳли оилаи мо дубора рӯ ба муҳоҷират оварданд. Ин дафъа ба Покистон рафтем ва баъд аз он ҷо ба Арабистони Саудӣ ҳиҷрат кардем. Инак наздики 40 сол боз дар Арабистони Саудӣ, дур аз Ватан – Тоҷикистони азиз дар шаҳри Мадина ҳамчун сокин иқомат дорем. Падару модари мо дар ин шаҳр фавтиданд. Ҳоло дар шаҳрҳои Мадина ва Макка аз авлоду аҷдоди мо наздик ба 60 хонавода кору зиндагӣ мекунанд. Худи ман дӯкон дорам ва ба тиҷорат машғул ҳастам.

АМИТ «Ховар»: Дар муддати 70-80 сол, ки дур аз Ватан зиндагӣ мекунед, забони модарӣ, урфу одати худро дар кишвари бегона нигоҳ доштед?

Қозӣ Барот: Дар оила бо ҳамдигар, инчунин бо бародарону хоҳарон, тоҷикони муҳоҷири Арабистон бо забони тоҷикӣ муошират мекунем. Ҳамаи урфу одати миллии худро нигоҳ доштаем. Бояд бигӯям, ки ҷамъияти тоҷикон дар Арабистони Саудӣ наздик ба даҳ ҳазорро ташкил мекунад. Дар тӯйҳо, маъракаҳои азодории ҳамдигарӣ иштирок мекунем, рафтуомад бо ҳамдигариро нигоҳ дошта, дар шодиву ғами ҳамдигар шарик ҳастем.

АМИТ «Ховар»: Муомилаву муносибат нисбат ба шумо муҳоҷирин чӣ гуна аст?

Қозӣ Барот: Мо муҳоҷирин ба шумули сокин ҳастем ва муддати будубоши мо дар Маккаву Мадина ҳар сол тамдид карда мешавад, шаҳрвандии ин кишварро надорем. Муносибат ба мо ҳамчун муносибат ба муҳоҷирон аст… Яъне, ҳар кас танҳо дар Ватани худ озодиву осоиштагиро пайдо карда метавонаду дар Ватани худ озод буда метавонад. Агарчи имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун меҳмон мақом дошта бошам ҳам, худро озоду хушбахт, дар фазои осоиштаву амну субот эҳсос мекунам. Ба куҷое, ки сафар кунам, ягон мушкилоту маҳдудиятро на дар шаҳру на дар деҳот, на дар вақту на дар макон вонахӯрдаам. Агар гӯям, ки чунин озодӣ, чунин муомилаву муносибати хушу гувороро нисбат ба шахси худам танҳо дар Тоҷикистон эҳсос мекунам, хато намекунам.

АМИТ «Ховар»: Нисбат ба гурӯҳҳое, ки номи исломро чун ниқоб истифода бурда, ба муқобили мусулмонон амалҳои террористӣ содир мекунанд, хуни инсонҳои бегуноҳро мерезонанд, тарсу ваҳмро дар дили сокинон ҷой мекунанд, қатлу ғорату ваҳшигариҳои асримиёнагиро ҷорӣ карданӣ мешаванд, чӣ андешаву мулоҳиза доред?

Қозӣ Барот: Террористон на ин ки дар кишварҳои алоҳида, балки дар тамоми гӯшаву канори олам сар бардошта, барои инсонияту ҷомеаи мадании башарият хатари баробар ва балоҳову офатҳои азим эҷод кардаанд. Воқеан ҳам имрӯз дини ислому мусулмононро ба терроризму террорист пайваст кардан мехоҳанд, дар симои ислому мусулмон терроризму террористро ҷилва медиҳанд. Бояд таъкид кунам, ки террористон аз ислом хориҷ ҳастанд. Ҳамаи амалу кирдорҳое, ки онҳо содир мекунанд ғайриисломию ғайришариатӣ ҳастанд. Сар буридану одамро зинда сӯзонидан ҳаргиз аз таълимоти ислому аз ҷодаи ислом набуду нест. Ислом мегӯяд: «Касе як қатра хуни инсонро ба ноҳақ мерезад, ҷойаш дар дӯзах аст». Террористон мусулмононро бештар аз дигарон қатл мекунанд, хуни ноҳақ мерезанд, ободиҳоро хароб месозанд, ки ин на кирдори исломӣ, балки амали шайтонӣ асту бас.

АМИТ «Ховар»: Пас чаро баъзе ҷавонону ашхоси алоҳида ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳ мешаванд, ба сафи террористони бераҳму бешафқат пайваст шуда, неруи аҳриманиро афзоиш медиҳанд?

Қозӣ Барот: Ин гурӯҳи одамон фирефта мешаванд, фирефтаи суханони бардурӯғи таблиғгарони гурӯҳҳои террористӣ мегарданд, ба дурӯғу газофи онҳо бовар мекунанд. Бештари гумроҳшудагон баъди ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои террористӣ ва вориди майдони ҷанг шудан, иштибоҳи худро дарк карда, аз интихоби кардаи худ пушаймон мешавад. Аксарияти онҳо мехоҳанд ба қафо баргарданд, дар фикри фирор кардан аз банди гурӯҳҳои террористӣ меафтанд. Вале на ба ҳамаи онҳо дубора баргаштан ба ҳаёти муқаррарӣ муяассар мешавад.

Мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ ҷавононро гумроҳ карда, бо баҳонаи «ҷиҳод» ва «шаҳид шудан» ба сафи худ ҷалб мекунанд. Вале он амалҳое, ки террористони гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» содир мекунанд, ҷиҳод нест! Чӣ гуна «ҷиҳод кардан»-у «шаҳид шудан» аст, вақте камарбанд дар миён мебанданду аввал худро ва боз даҳҳо мусулмони бегуноҳро дар вақти намоз хонданашон дар масҷидҳо ва ба ҳангоми пайи таъмини зиндагии худ дар бозору дӯконҳо машғул будан бераҳмонаю ваҳшиёна тарконида мешаванд? Кӣ гуфт, ки ин амал исломӣ асту аз мусулмонӣ манбаъ мегирад? Худи худкушӣ дар ислом ҳаром аст, куштани одами дигар амалест пеши Худованд нобахшиданӣ. Ман чунин ҷиҳоду чунин шаҳид шуданро маҳкум мекунам ва аз ҷавонон даъват мекунам, ки фирефтаи дурӯғҳои ҳар гуна мубаллиғони фурӯхташудаи бедину беимон нашаванд.

АМИТ «Ховар»: Хушбахтона, амалҳои террористӣ, ки Шумо ёд кардед, барои мардумони мо ва кишвари мо бегона ҳастанд, вале он ҳодисаҳое, ки имрӯзҳо дар кишварҳои минтақа мегузаранд, моро бетараф гузошта наметавонад…

Қозӣ Барот: Давоми чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон ҳастам ва дар ҳар манзиле, ки меҳмон мешавам, пеши ман одамони зиёде меоянд, мо мешинему суҳбат мекунем. Дар он 30-40 суҳбате ки бо мардумони Тоҷикистон доштам, ҳамеша таъкид мекунам, ки ин тинҷиву амонӣ ва осоиштагие, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳукмфармо аст, дар ягон кишвари дигари дунё нест. Ман ҳасад мебарам, ки сокинони Тоҷикистон дар чунин осоиштагиву амонӣ умр ба сар мебаранд. Аз ҷавонон ҳамеша даъват мекунам, ки ба қадри ин неъмат, ки сарчашмаи ҳамаи неъматҳои дигари дунёист, бирасед. Фирефта ба дурӯғгӯиҳои душманони миллату давлати худ нашавед. Бубинед, ки кишвари ҳамсоя ба чӣ ҳол афтодааст, 38 сол боз дар оташи ҷанг месӯзад. Сокинони баъзе минтақаҳои ин кишвар чун намози аср мешавад, наметавонанд бо хотирҷамъӣ хонаи ҳамсояи худ раванд. Бояд ҳар фарди Тоҷикистон шукронаи ҳамин амнияту осоиштагии кишвари худро кунанд.

АМИТ «Ховар»: Баъзе кӯрбинҳо иддао мекунанд, ки гӯё вазъи озодии дину ирода дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст…

Қозӣ Барот: Дар солҳои шӯравӣ дар як сол ҳамагӣ 18 нафар ба зиёрати хонаи худо мерафтанд. Имрӯз ман мебинам дар Тоҷикистон хонае нест, ки аз он як нафар ба ҳаҷ нарафта бошад. Дар ҳар хонадон ва ё наздикони онҳо ҳатман як-ду нафар ба зиёрати хонаи Худо рафтаанд. Ба андешаи ман ин шараф низ аз баракати ҳамин амнияту истиқлолияти Тоҷикистони азиз аст.  Ман ба он нафароне, ки пешам меоянд ва дар он маҳфилҳое, ки ба муносибати меҳмонии ман ороста мешаванд, изҳор мекунам, ки шумо дар ҳаққи Сарвари давлату ҳукумати худ, он шахсе, ки ин амнияту суботро бароятон овардааст, ҳамеша дуогӯ бошед. Дар ягон гӯшаи Тоҷикистон маҳдудияти диниро надидам, ҳар вақте хостам, ба ҳар масҷиде, ки хостам, озодона рафта, намоз хондаву ибодат кардам. Он озодии баёну сухан гуфтанҳои ошкороро, ки миёни намозгузорони масҷидҳои шумо мушоҳида кардам, дар дигар кишварҳо надидаам. Зиёда аз ин, дар ҳар як масҷиди кишварҳои дигари исломӣ танҳо ҳарфу сухани расмии ҳукуматӣ садо медиҳад.

Бояд гӯям, ки то ҳоло як қисм хешону наздикони банда дар Афғонистон иқомат мекунанд, ҳар доим дилам мехоҳад, ки ба дидорбинии онҳо равам, вале амният, ки он ҷо нест, хатар, ки мудом вуҷуд дорад, илоҷ надорам, ки барои зиёрату дидорбинии хешовандонам ба ин кишвар сафар дошта бошам.

АМИТ «Ховар»: Таассуроти Шумо аз Тоҷикистон чӣ гуна аст? Кишвари моро чӣ гуна дарёфтед?

Қозӣ Барот: Ман бори нахуст ба Тоҷикистон замони ҷашни бо шукӯҳу шаҳомати 1100- солагии давлати Сомониён омада будам, ҳамчун меҳмон ба ин кунгура даъват шуда будам. Баъд аз он ҷашн, ки то ҳоло таассуроти гуворои он дар хотираам ҳифз шудааст, қариб ҳар сол ба Тоҷикистон меоям. Бемори қанд ҳастам, аз ин беморӣ азият мекашам, аммо бовар кунед, чун ба Тоҷикистон меоям, «қанд»-и ман ба тамом аз вуҷудам гум мешавад, худро солиму бардам меёбам. Ҳар гоҳе, ки Тоҷикистон меоям, онро беш аз пеш зеботару ободтар мебинам. Ҳар боре, ки Тоҷикистон меоям, як тараққиёти дигар, як навсозии дигарро мебинам. Бинобар ҳамин баъд аз тамошову дидорҳо ба дӯстони тоҷикистонии худ мегӯям: «Агар ҳар нафаре даъво мекунад, ки ман зиндагии шуморо хубтар аз ин месозам, ба он шахс бовар накунед, фирефтаи суханони дурӯғи чунин касон нашавед». Ман ҳамчун тоҷики берун аз Ватан хеле хушҳол аз он шудам, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Пешвои миллат пешбарӣ шуд. Аслан Эмомалӣ Раҳмон кайҳо боз — даҳсолаҳо қабл аз ин, мақоми Пешвои миллатро дар миёни мардумон касб карда буд. Хусусан соле, ки Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бо сафари расмӣ ба кишвари Арабистони Саудӣ ташриф оварда буд ва зимни мулоқот бо ҷамъияти тоҷикони муқими Арабистон ба ҳар яки мо муроҷиат карда гуфт, ки шумо Ватан доред ва Ватани шумо Тоҷикистон аст, ҳамон вақт мо дасти дуо бардошта, шукрона кардем, ки Худованд ба миллати тоҷик Пешвои асилро тақдим кард.

АМИТ «Ховар»: Барои суҳбат ташаккур!

Қозӣ Барот: Суботи Тоҷикистон поянда бод! 

Декабрь 23, 2015 05:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад