Изҳороти Иттиҳоди Аврупо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имсол дар давоми сол аз Рӯзи ҳуқуқи инсон сар намуда, Созмони Милали Муттаҳид 50-солагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро, ки соли 1966 ба имзо расида буданд, ҷашнгирӣ мекунад.
Ҳар ду ин паймон муҳиманд ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии инсонро аз рӯзи таваллудаш то давоми ҳаёти ӯ ифода намуда, тақдири бисёр одамонро тағйир карданд.
Ҳоло дар шароити мушкил дар атрофи масъалаҳои ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, камбизоатӣ ва нобаробариҳои зиёд ин паймонҳо чун рукнҳои фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи ҳифзу пешбурди тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии ӯ боқӣ хоҳанд монд. Инчунин паймонҳои мазкур ҳамчун пояи муҳими қонуни байналмилалӣ шуда, моҳияти ҷаҳонӣ, тақсимнопазир ва бо ҳам вобаста доранд.
Нақшаи нави амал барои пешбурди ҳуқуқи башар ва демократия, ки Иттиҳоди Аврупо моҳи июли соли гузашта қабул кард, ба ҳамаи намуди ҳуқуқҳо диққати хос дода, ба таъмини онҳо барои ҳамагон аз тариқи чорабиниҳои мушаххас равона шудааст. Ғайр аз ин, Иттиҳоди Аврупо мӯътақид аст, ки ба ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар фаъолони ҷомеа дар роҳи ҳифзу таъмини ҳуқуқи инсон, чӣ шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва чӣ иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ доимо кумак бирасонад. Иттиҳоди Аврупо аз лаҳзаи таъсис бисёр ҳомиёни ҳуқуқи башарро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ намудааст ва бо ибрати хеш нишон додааст, ки ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ метавонад манфиатҳои бузургро ба ҷамъият оварад.
Иттиҳоди Аврупо шабакаи васеъ иборат аз намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои давлатҳои узви он дар саросари ҷаҳон, Намояндаи махсус оид ба ҳуқуқи башар рафиқ Ставрос Ламбринидис ва гурӯҳҳои мутасаддиро дар пойтахтҳои Аврупо дорад ва мо Рӯзи ҳуқуқи инсонро ҷашн мегирем, то ҳуқуқи инсонҳои дар зери хатар дар ҳар кунҷи ҷаҳон бударо ҳифз, пешбурд ва ривоҷ бидиҳем.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






