Кӯлоб: Дар коллеҷҳо камбудиҳо ҷой доранд

Декабрь 4, 2015 09:12

Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Директори  Коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ  Ф. Шафиев мегӯяд, ки дар муассисаи онҳо ду факулта:  гуманитарӣ ва табиатшиносӣ  фаъолият мекунад. 
«Бо назардошти он ки такмили раванди таълиму тарбия ба фаъолияти муташаккилонаи қисми таълим алоқаи зич дорад, солҳои охир сохтори он тағйир дода шуд. Ҳоло  шуъбаҳои мустақили таълиму тарбия, шўрои методӣ, шўрои олимон,  назорати сифати таҳсилот ва баҳодиҳии сатҳи дониш, шўрои кураторон, шўрои занон,  низоми кредитии таҳсил ва таҷрибаомўзӣ амал мекунад, ки ба Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, барномаҳои таълимӣ мутобиқ гардонида шуда, соли 2011 қисмати дуюми он бо таҷҳизоти нави таълимӣ барои 590 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд»,-гуфт Ф.Шафиев.  
Имсол коллеҷро аз рўи 6 ихтисос 506 нафар (38 нафар бо дипломи аъло) хатм карданд.   Бо роҳхати маъмурияти коллеҷ қисме аз хатмкунандагон таҳсилро дар донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи  Абўабдуллоҳои Рўдакӣ давом дода, қисми дигар барои фаъолият ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи минтақаи Кўлоб роҳхат гирифтанд. 
Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  хатмкунандагони коллеҷ  ба ҷои кор таъмин мешаванд. 
Ҷамъбасти соли хониши 2014-2015 нишон дод, ки дараҷаи азхудкунии дониш ва  сифати таҳсилот дар коллеҷи омўзгорӣ нисбат ба солҳои пешин боло рафтааст. Дар таълимгоҳ 3 синфхонаи компютерӣ фаъолият дорад, ки  34 компютер бо интернет пайваст буда, бо 3 проектор ва 2  камераи наворбардорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.  Ҳамчунин тамоми дафтарҳои кории маъмурони коллеҷ, аз ҷумла, факултаҳо, кафедраҳо ва шуъбаҳо бо компютер, принтер, телевизион ва видео  таъмин мебошанд. 
Бо вуҷуди пешравию навгониҳо дар коллеҷ ҳанўз камбудию мушилиҳо ҷой доранд. Пурра таъмин набудани муассисаи таълимӣ бо омўзгорони унвони илмидор, нарасидани маводи таълимӣ бо забони давлатӣ, китобҳои дарсӣ ва модулҳои таълимӣ, таъмини нопурраи муассисаи таълимӣ бо техника ва технологияи замони муосир аз ҷумлаи онҳо мебошад. 

 

 

Декабрь 4, 2015 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад