Кӯлоб: раванди болоравии шумораи нафақагирон таҳти назорати доимист
Кӯлоб, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб Ҷӯрабек Қурбонов раёсати агентӣ раванди болоравии шумораи нафақагиронро таҳти назорати доимӣ қарор дода, таҳяи дурусти дархостҳои Раёсату шуъбаҳои нафақаи шаҳру ноҳияи минтақаро барои маблағгузории нафақа мунтазам мавриди омӯзиш қарор медиҳад. То ин муддат дар минтақаи Кӯлоб 77 327 нафар нафақагир мавҷуд мебошад, ки ҳисоби нафақаи онҳо ба 218,42 сомонӣ баробар аст. Инчунин дар минтақа 21 490 нафар нафақагири маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз шумораи умумии маъюбон кӯдакони то 18-сола 3983 нафарашро ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






