Ҷ.Керри Русияю Эронро бо дидани «чораҳои сахт» таҳдид кард

Декабрь 7, 2015 06:53

Душанбе, 07.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбари  Департаменти   давлатӣ Ҷон Керри  ваъда  дод, ки агар  Русия  ва  Эрон  ба   раванди  сиёсӣ  дар  Сурия  муқовимат  кунанд, ИМА «роҳи дидани чораҳои  сахтро  пеш  мегиранд». 
Ҷон  Керри зимни  суханрониаш дар  форуми Амрикою  Исроил дар институти  Брукинги  шаҳри  Вашингтон чунин  гуфт: «Агар Русия  ва  Эрон муқовимат карда, ба Б.Асад имкон  диҳанд, ки равандро  ба нокомӣ  барад, мефаҳмем, ки  мушкилотро кӣ  ба  миён  меовардааст. Дар  ин  маврид усулҳои  фаъолияти  мо  коҳиш  меёбанд ва  мо маҷбур  мешавем, ки ягон  хел  чораҳои  сахт  бинем».
Ба  гуфтаи   котиби  давлатӣ, ИМА ба  ин тавр  сурат  гирифтани  воқеаҳо роҳ  нахоҳанд  дод, зеро  ин ба  амнияти  ИМА ва  ҳамаи  кишварҳои Аврупо хавф  меорад. 
Ба  фикри  Ҷ. Керри, то  дами дар  сари  ҳокимият  будани Б.Асад, хотима бахшидан ба  ҷанги  Сурия  имконнопазир  аст. «Гуфтан мумкин  нест, ки  биёед Б.Асадро  ба  ҳоли  худ  гузорему  «Давлати  исломӣ» — ро  таъқиб  кунем. То  дами  дар  сари  ҳокимият  будани Б.Асад, хотима бахшидан  ба  ҷанг имконнопазир  аст. Даври  дигари  гуфтушунид  аз  рӯи қазияи  Сурия  моҳи декабр дар  шаҳри  Ню-Йорк  баргузор  мегардад. Ҳукуматҳое, ки ба  гуфтушунид  ҷалб  шудаанд, баъдтар  дар  шаҳри  Ню-Йорк  вомехӯранд,  то  ин  раванд (тағйирёбии сохти сиёсии  ҳокимият) — ро  давом  диҳанд», — бовар  дорад  ӯ. 
Дар  даври гузаштаи   гуфтушунид  оид ба  Сурия, ки  30  октябр  дар  шаҳри  Вена баргузор гардид, иштирокдорони он баёния иборат  аз нӯҳ  бандро  мувофиқа намуданд. Дар  баробари  ин ҷонибҳои  гуфтушуниди  Вена  дар  бораи сарнавишти  минбаъдаи президент Башор  Асад ба як  фикр  наомаданд. Тавре  ки вазири   корҳои  хориҷии Олмон Франк  — Валтер Штайнмайер аз рӯи  натиҷаи  мулоқот изҳор  дошт, иштирокдорон  дар  вохӯрии  оянда  масъалаи ҳукумати нави  давраи  гузариш, интихоботи нав,  ҳамчунин мавзӯи  оташбасро  баррасӣ  карданианд. 
14  ноябр дар  шаҳри  Вена  боз  як  мулоқот  баргузор гардида, иштирокдорони он тасмим  гирифтанд, ки бо  гурӯҳҳои  мухолифини  Сурия  гуфтушунид  намоянд. Ҷонибҳои  гуфтушунид хоҳиши  худро  дар  мавриди  тайи  шаш  моҳ ҳукумати нави давраи  гузаришро  ташкил  намудани  ҳукуматдорони  Сурия  ва  мухолифин  иброз доштанд. Баъди  ин  бояд ба  таҳияи Конститутсияи  нави  кишвар   шурӯъ  карда  шавад. Дар давоми 18 моҳи  наздиктарин  бояд  дар  кишвар  аз  рӯи  Конститутсияи  нав  интихоботи  умумимиллӣ  доир  гардад. 

Декабрь 7, 2015 06:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад