Хуҷанд: Нишастҳои хабарӣ аз 11-уми январ оғоз мешаванд
Хуҷанд, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шурӯъ аз 11-уми январи соли 2016 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва мактабҳои олии вилояти Суғд нишастҳои хабарӣ оғоз меёбанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ 11 январ дар як зумра шаҳру ноҳияҳо нишастҳои хабарӣ доир мешаванд.
Ҳамчунин нишасти хабарии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 14 январ баргузор мегардад. Дар ин рӯз раиси вилоят доир ба натиҷаҳои яксолаи хоҷагии халқи вилоят сухан гуфта, ҳамзамон ба суолҳои журналистон посух хоҳад гуфт.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






