Кремл хулосаи ФСБ-ро оид ба ҳамлаи террористии ҳавопаймои A321 ёдовар шуд
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Cухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, изҳороти Мисрро оид ба мавҷуд набудани далели ҳамлаи террористӣ дар ҳавопаймои «Airbus A321»-и рӯзи 31-уми октябр суқуткарда шарҳ дода, хулосаи хадамоти махсуси Русияро ёдовар шуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости рӯзи душанбе, 14 декабр.
«Танҳо метавонам, хулосаи мутахассисони хадамоти махсусро, ки ба хулоса омаданд, ки ин ҳамлаи террористӣ буд, хотиррасон намоям», — таъкид намуд Дмитрий Песков.
Песков ҳамчунин зикр кард, ки махсусан дар ин бора сардори ФСБ Александр Бортников рӯзи 16-уми ноябр ба президент Владимир Путин маълумот дод, — хабар медиҳад «Интерфакс».
Ҷониби Русия ҳанӯз ҳисоботи пешакии Мисрро дастрас накардааст, — мегӯяд манбаъ ба «Интерфакс». Ба гуфтаи ӯ, бинобар ин то ҳол Маскав наметавонад мазмуни гузоришро арзёбӣ кунад.
Чанде пеш, вазорати ҳавоии шаҳрвандии Миср изҳор дошт, ки коршиносони мисрӣ омодасозии гузориши пешакиро оид ба суқути «Airbus A321» дар нимҷазираи Синай анҷом доданд. «Кумитаи техникӣ оид ба тафтишот ҳанӯз чизе, ки аз ҳама гуна ҳуҷуми ғайриқонунӣ ё амали террористӣ дарак медиҳад, дарёб накардааст», — изҳор дошт вазорат.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






