Кумаки моддӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар арафаи ҷашну идҳо дасти ёрӣ расонидан ба табақаи ниёзманд иқдоми ҷавонмардӣ ва хайрхоҳона ҳисоб ёфта, нишонаи арҷгузорӣ ба анъанаи неки аҷдодӣ мебошад.
Дирӯз, 28 декабр дар арафаи Соли нави мелодии 2016 аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба тарбиягирандагони Мактаб-интернати № 1 ва Литсейи касбӣ-техникии махсуси шаҳри Душанбе як миқдор маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду равған, биринҷу шакар, сабзавот ва дигар намуди хӯрокворӣ кумаки моддӣ расонида шуд.
Роҳбарият ва тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии мазкур барои кумаку дастгирӣ миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳор доштанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






