Кумаки як гурӯҳ ҷавонони ноҳияи Сино ба зарардидагони Бадахшон

Декабрь 21, 2015 11:54

Душанбе, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати ноҳияи Синои ба миқдори 2030 сомонӣ барои  зарардидагони офати табиӣ дар Бадахшон кумакпулӣ ироа гардид. Масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати ноҳияи Сино дар робита ба ин иттилоъ доданд, ки маблағи мазкурро як гурӯҳ ҷавонони ташаббускори ноҳияи Сино шурӯъ аз 11 декабри соли равон ҷамъоварӣ намуда, онро  18 декабр ба суратҳисоби БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гузарониданд.
«Ҳадафи кумаки ҷавонони ноҳияи  Сино ба зарардидагони Бадахшон пеш аз ҳама, даъвати ҷомеа барои дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон дар рӯзҳои сарди зимистон мебошад»,-иброз дошт яке аз масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати ноҳияи Сино.
Ёдовар мешавем, ки 7 декабри соли равон дар натиҷаи заминларза дар вилояти Бадахшон хонаҳои зиёде хисорот диданд.

Декабрь 21, 2015 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш