Курси омӯзишии «Зан — роҳбар» дар Кӯлоб барпо гардид
Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Барои амалӣ намудани «Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» 5 декабр дар шаҳри Кӯлоб курси омӯзишии «Зан — роҳбар» доир гардид.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни дарси омӯзишии навбатӣ 30 шунаванда иштирок намуда, аз ҷониби мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Расулов мавзӯи «Психологияи идоракунӣ ва сарварӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷараёни таҳлилу баррасии мавзӯъ байни иштирокдорони курси омӯзишӣ ва мутахассиси соҳа мубодилаи афкори судманд ба миён омада, онҳо ба саволҳои сершуморашон посухи мушаххас гирифтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






