Кушта шудани 11 террорист дар Нангарҳор тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин
Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар). -Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон 11 нафар аз гурўҳҳои террористӣ ба ҳалокат расиданд.
Сухангўи фармондеҳии пулиси Нангарҳор ба хабарнигорон гуфт, ки ин террористон ҳангоме дар вулусволии Хугиёни вилояти Нангарҳор мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтанд, ки аз як самти ин вулусволӣ ба макони дигари он мерафтанд.
Ин мақоми пулиси Нангарҳор дар идома таъкид кард, ки панҷ тани дигар аз аъзои гурўҳҳои террористӣ рўзи гузашта дар вулусволии Чапарҳори ин вилоят ҳангоми бархўрд бо минаи сари роҳ ба ҳалокат расиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






