Лаблабу ва амнияти озуқавории кишвар

Декабрь 18, 2015 06:31

Душанбе,16.12.2015 (АМИТ «Ховар»). – Омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ ва натиҷаи корҳои таҷрибавӣ нишон медиҳанд, ки дар доираи лоиҳаи комплексии парвариш ва коркарди лаблабуи қанд метавон талаботи  ҷумҳуриро бо шакар,  шир, маҳсулоти ширӣ, гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ таъмин карда, ба ҷараёни амалишавии барномаи стратегии таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшид.

Бояд гуфт, ки парвариши лаблабуи қанд масоҳати зиёд талаб намекунад, аз ҷумла Швейтсария ҳамагӣ дар 20 ҳазор гектар замин лаблабуи қанд парвариш карда, талаботашро бо шакар ва маҳсулоти қаннодӣ пурра таъмин намудааст ва дар  рушди соҳаи чорводорӣ, истеҳсолу ба фурӯш баровардани маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст овардааст. Парвариш ва коркарди лаблабуи қанд дар ташаккули иқтисоди чандин давлатҳо нақши муҳим мебозад. Дар кишварҳои Чили, Марокаш, Швейтсария, Франсия, Голландия, Олмон, Австрия, Амрико, Чин аз як гектар замин  то 600-900 сентнер лаблабуи қанд ҷамъоварӣ мешавад. Кишварҳои Федератсияи Русия, Беларус, Украина, Эрон, ки аз як гектар 250-400 сентнер ҳосили лаблабуи қанд ба даст меоранд, сол ба сол майдони кишти лаблабуро зиёд менамоянд. Чунин муносибат аз самаранок будани парвариш ва коркарди лаблабуи қанд шаҳодат медиҳад.

Ҳосили баланди лаблабу дар шароити Тоҷикистон

Корҳои илмӣ оид ба парвариши лаблабуи қанд дар шароити Тоҷикистон  анҷом дода шудаанд. Дар баъзе  минтақаҳои ҷумҳурӣ  аз 1 гектар замини лаблабуи қанд аз 400 то 600 сентнер ҳосил бо қанднокии 16-20 фоиз ба даст оварда мешавад. Баъзе мутахассисони соҳа ақида доранд, ки  қанднокии лаблабуи дар Тоҷикистон парваришшаванда паст буда, коркарди он аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқи мақсад нест.

Бо мақсади аниқ намудани ин масъала дар давоми солҳои 2014 — 2015 дар ноҳияҳои Восеъ ва Шаҳритус  дар майдонҳои  таҷрибавӣ  лаблабуи қанд кишт карда шуд. Таҷриба нишон дод, ки  бо риоя кардани технологияи парвариш  аз як гектар зиёда аз 1200 сентнер лаблабу бо қанднокии  аз 15 то 16,2 фоиз  ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Дар  аксар давлатҳо қанднокии аз 15 фоиз болои лаблабу аз ҷиҳати иқтисодӣ ва коркарди саноатӣ самаранок дониста мешавад. Дар Тоҷикистон ҳарчанд қанднокии лаблабу паст бошад ҳам, ҳосилнокии  1000-1200 сентнер лаблабуи қанд аз як гектар замини обӣ натиҷаи беназир  мебошад.

Умуман лаблабуи қанд маҳсули кори селексионерҳо аст ва ҳангоми гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар давоми ду се мавсим албатта, навъҳои тухмии лаблабуи қанднокиаш беҳтар ва  барои минтақаҳои Тоҷикистон  мутобиқро дарёфт намудан мумкин аст.

Мавриди зикр аст, ки лаблабуи қанд растании дусола буда, асосан барои истеҳсоли шакар ва хӯроки чорво парвариш мешавад. Қанднокии лаблабу вобаста ба навъ ва макони парвариш аз 8 то 22 фоизро ташкил медиҳад. Лаблабуи қанд гармӣ, рӯшноӣ ва намиро дӯст медорад. Барои неш кашидани тухми лаблабу ҳарорати мувофиқ ба 10 – 12  дараҷа гармӣ  ва барои қад кашидан ва камол ёфтан ҳарорати баландтар аз 20 – 22 дараҷа зарур аст.

Лаблабуи қанд чӣ маҳсулоти иловагӣ медиҳад?

Ҳангоми коркарди лаблабуи қанд дар баробари истеҳсоли маҳсулоти асосӣ шакар, ҳамчунин фишурда (жом),  патока (меласса)  ва дефакат (нурӣ) ҳосил мешавад. Бояд гуфт, ки ҷамъоварии лаблабуи қанд дар ду марҳила сурат мегирад. Дар навбати аввал баргу пояи сабзи он ва сипас бехии лаблабу ҷамъоварӣ мешавад. Баргу пояи сабзи лаблабуи қандро ҳамчун хӯроки чорво дар шакли  тар ва  хушк истифода менамоянд. Баргу пояи  лаблабу дар таркибаш карбогидратҳо, сафеда, витаминҳои гурӯҳи С, А ва баргу пояи хушккардашудаи ӯ то 25 фоиз протеин дорад. Баргу пояи лаблабу барои зимистонгузаронӣ дар шакли силос низ захира мешавад. Ба ҳисоби миёна аз 1 гектар замини обӣ  вобаста ба ҳосили бехии лаблабу аз 200 то 350 сентнер баргу пояи тар ҷамъоварӣ мешавад.

Дефакат (такшоншуда). Ҳангоми истеҳсоли шакар барои тоза кардани шарбати лаблабу шираи оҳак истифода мешавад. Оҳак ба шарбати лаблабу таъсир карда, аз он моддаҳои ғайриқандро, ки садди роҳи кристализатсияи шакар мешаванд, ҷудо ва такшон менамояд. Ин омехтаро дефакат (такшиншуда) меноманд, ки дар маҷмӯъ 8-10 фоизи ҳаҷми лаблабуи коркардшударо ташкил медиҳад. Дефакати истеҳсолшударо дар такшонгоҳҳо ба муҳлати 1-2 сол нигоҳ медоранд ва баъд ҳамчун  нурӣ истифода мебаранд. Дефакат дар заминҳое, ки элементи калтсийаш кам аст, пошида мешавад ва таъсири он то муддати 10-12 сол боқӣ мемонад. Истифодаи 4,5 тонна дефакат ҳамчун нурӣ ҳосилнокии зироатро то 30 фоиз зиёд менамояд.  

Патока (мелласа). Ҳангоми истеҳсоли шакар, моеъи шарбатмонанди рангаш бур, бо бӯи қанди сӯхта ҳосил мегардад, ки онро патока ё меласса  меноманд. Таркиби патока аз 80 фоиз моддаҳои хушк, асосан аз карбогидратҳои кристализатсияшаванда (сахароза то 50 фоиз) ва  карбогидратҳое, ки кристализатсия намешаванд, ба монанди фруктоза иборат мебошад. Патока вобаста ба сифат ва таркибаш дар соҳаи қаннодӣ истифода бурда мешавад. Инчунин патокаро барои серғизо намудани хӯроки чорвои ширдеҳ, бо мақсади зиёд намудани шир  истифода менамоянд.

Аз патока спирти этил низ истеҳсол мешавад, ки ҳамчун сӯзишворӣ барои нақлиёт  ва ҳамчун маҳсулоти саноатӣ барои истеҳсоли дигар моддаҳои химиявӣ истифода мешавад. Дар баъзе мамлакатҳое, ки ҳаҷми истеҳсоли  спирти  техникӣ зиёд аст, ба воситаи мақомоти қонунгузорӣ муқаррар шудааст, ки ширкатҳои ба истеҳсол ва фурӯши сузишворӣ машғул вазифадоранд ба бензин  аз 2 то 10 фоиз  спирт омехта шавад. Арзиши аслии 1 литр  спирти аз патока истеҳсолшаванда  ҳамагӣ  0,2 — 0,3 долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба бензин ниҳоят арзон мебошад.

Фишурда (жом). Фишурда (жом) — маҳсулоти асосии коркарди лаблабу аст, ки баъди дифузияи қанд аз лаблабу боқӣ мемонад. Фишурдаи лаблабу дар шакли тар ва хушк барои хӯроки чорво истифода мешавад. Миқдори фишурдаи тари лаблабу дар ратсиони шабонарӯзии чорво метавонад то 65 фоизро ташкил намояд. Фишурдаро дар корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво хушк карда, бо иловаи дигар моддаҳои зарурӣ хӯроки консентронидашудаи босифат истеҳсол менамоянд, ки барои интиқол осон ва ба муҳлати дароз нигоҳ дошта мешавад. Фишурдаи лаблабу дар шакли силос низ бо илова кардани моддаҳои зарурӣ барои зимистон  захира мешавад.

Бо назардошти он, ки фишурдаи лаблабуи қанд маҳсулоти иловагии коркард аст, арзиши аслии паст дорад ва истифодаи он ҳамчун хӯроки чорво аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар буда, дар паст намудани арзиши аслии  маҳсулоти чорво ва парранда мусоидат  менамояд.

Мутобиқи меъёрҳо дар ҷумҳурӣ талабот ба шакар дар шакли тоза ва дар таркиби маҳсулот 300-320 ҳазор тоннаро  ташкил медиҳад. Талабот ба хӯроки босифати чорво ва маводи сӯхти нақлиёт низ зиёд аст.  Яъне, ин маҳсулот иловагии аз коркарди лаблабуи қанд ба дастомада дар навбати аввал ба таъмини бозори дохилӣ ҳамчун ивазкунандаи маҳсулоти воридотӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Барои фаъолияти корхонаи коркарди лаблабуи қанд мавҷудияти лаблабуи қанд, оҳак, ангишт, гази оксиди сулфат (SO2), об ва энергияи барқ зарур мебошад. Яъне имконияти таъмини пурраи корхона бо маҳсулоти коркард ва дигар маводи зарурӣ дар дохили ҷумҳурӣ пурра вуҷуд дорад.

Нахустин корхонаи коркарди лаблабуи қанд дар ноҳияҳои Восеъ ва Сарбанд бунёд мешаванд

Давраи аввали татбиқи лоиҳаи комплексии парвариш ва коркарди лаблабуи қандро бо бунёди корхонаи истеҳсоли шакар ва корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво дар ду минтақа амалӣ кардан мумкин аст.  Якум, бунёди корхонаи коркарди лаблабу дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб ба парвариши лаблабу. Дуюм, бунёди корхонаи коркарди лаблабу дар шаҳри Сарбанд бо ҷалби ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Қубодиён, Ҷиликул, Хуросон ва Румӣ ба парвариши лаблабу. Дар чунин шакл ташкил кардани бунёди корхона ба талаботе, ки метавонад самаранокиии фаъолияти корхонаро таъмин намояд, ҷавобгӯ мебошад. Майдони кишти лаблабу бояд дар ҳудуди то 70 км аз корхонаи коркард ҷойгир бошад, то ин ки лаблабуи ҷамъоваришуда бо харҷи кам, сари вақт ба корхонаи коркард интиқол шавад. Инчунин дар киштгардони зироат, ки яке аз омилҳои асосии серҳосил гаштани заминҳо мебошад (лаблабуро баъди 3-4 сол дар як замин коридан мумкин аст), масоҳати заминҳои обии ин ноҳияҳо ба инобат гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Сарбанд инфрасохтори хуб барои бунёди корхонаи коркарди лаблабу муҳайё аст.

Бояд қайд кард, ки минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба бунёди ҳар чӣ бештари корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ниёз дорад. Бинобар ин парвариш ва коркарди лаблабуи қанд метавонад аз самтҳои босамар истифода намудани заминҳои обӣ ва рушди саноати маҳалӣ дар  ин минтақа гардад. Дар доираи татбиқи ин пешниҳод дар ояндаи наздик аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хоҷагиҳои чорводории ВМКБ -ро ба хӯроки чорво таъмин карда, дар рушди чорводории ин вилоят низ мусоидат кардан мумкин аст. 

Парвариши лаблабуи қанд дар заминҳои партов ва киштнашуда

Дар назар аст, ки лаблабу дар заминҳои обии барои кишти хӯроки чорво ҷудогардида, киштнашуда ва заминҳои партов (баъди ба истифодаи кишоварзӣ ворид кардани онҳо) парвариш шавад. Чунин тарзи ташкили кор имконият медиҳад, ки босамар истифода намудани заминҳои обӣ таъмин гардида, дар баробари хӯроки чорво шакар  ва дигар маҳсулоти зарурӣ истеҳсол карда шавад.   

Дар ду минтақае, ки татбиқи лоиҳа пешниҳод мешавад, соли 2014 дар 15 ҳазор гектар замин парвариши зироати хӯроки чорво гузаронида шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои ин ду минтақа заминҳои обии партов ва киштнашуда 104 ҳазору 27 гектарро ташкил медиҳанд. Фақат аз ҳисоби ҳамин заминҳо корхонаи коркарди лаблабуи қанд бо иқтидори 500-600 ҳазор тоннаро дар як мавсим бо ашёи хом таъмин  кардан мумкин аст.

Хоҷагиҳое, ки пештар дар заминҳои обӣ ба парвариши зироат барои хӯроки чорво машғул буданд, имконият пайдо менамоянд, ки заминро босамар истифода карда, даромади хуб бигиранд ва аз ҳисоби баргу пояи лаблабу, фишурдаи лаблабуи қанд, хӯроки консентронидашудаи хушк, ки дар асоси фишурдаи лаблабу, меласса ва дигар маводи иловашуда истеҳсол мешаванд, парвариши чорвои ширдеҳ, парранда ва моҳиро ба роҳ монанд.

Банақшагирии дурусти кишти лаблабу вобаста ба шароити табиии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар давоми 6-8 моҳ корхонаҳои  коркард бо лаблабу таъмин шаванд. Дар баробари ин хоҷагиҳои чорводории дар наздикии корхонаи коркарди лаблабу ҷойгир метавонанд то 65 фоизи ратсиони хӯроки чорвояшонро аз ҳисоби фишурдаи лаблабу дар давоми фаъолияти корхона таъмин намоянд.

Баъди ба охир расидани мавсими ҷамъоварии лаблабу, маҳсулоти нимтайёри найшакари Покистон ё Ҳиндустонро коркард намудан мумкин аст. Нархҳои биржавии арзиши маводи нимтайёри найшакар аз шакари тозаи истеъмолӣ ду баробар арзонанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ коркарди он то ба меъёри шакари тозакардашуда муфид аст.

Пешниҳоди мазкурро ҳамчун лоиҳаи тиҷоратӣ-иҷтимоӣ муаррифӣ кардан мумкин аст. Татбиқи ин пешниҳод имкониятҳои истеҳсолӣ, захираҳои инсонӣ ва табиии минтақаю маҳалҳоро фаъол мегардонад ва дар ҷараёни татбиқи он асосан аҳолии ниёзманд — аҳолии деҳот иштирок менамоянд. 

Файзиддин Сайфуллозода

 

Декабрь 18, 2015 06:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Сӯхтори ҷангал дар Калифорния беш аз 300 гектарро фаро гирифтааст
Лондон аз рӯи танбашавии нақлиёт байни шаҳрҳои Аврупо дар ҷойи якум қарор гирифт
Дар натиҷаи заминларза дар Ситсзан дар ҷанубу ғарби Чин 126 нафар ҳалок гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Фаронсаро тӯфони «Флориан» фаро гирифтааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар натиҷаи заминларза дар Чин 95 нафар ҳалок гардида, 130 нафар захмӣ шуданд
Дар ноҳияи Ишкошим пайомадҳои тарма бартараф карда мешаванд
Бар асари барфрезии шадид дар ИМА чаҳор нафар ҳалок гардид
Соли нави «рақамӣ»: Чӣ тавр муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» наздикони худро табрик намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд