Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» кишоварзонро дастгирӣ мекунад
Душанбе, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» барои беҳдошти вазъи зиндагии аҳолии деҳот ва барқарорсозии инфрасохтори он чорабиниҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд. Дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» дар марказҳои худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияҳои Муъминобод ва Шӯроообод 98 зерлоиҳа барои хариди техника ва мошинолоти гуногун равона шуда буд, ки дар натиҷаи амалӣ намудани онҳо ба ин ноҳияҳо дар маҷмӯъ 80 трактори тамғаи МТЗ-80 бо мошинолоти гуногун дастрас шуданд. Инчунин бо дастгирии лоиҳаи мазкур 7 ададӣ хаттҳои интиқоли барқ барқарор ва навсозӣ, 6 адад хатти оби нӯшокӣ сохта шуданд, ки аҳолии деҳот ба онҳо эҳтиёҷи зарурӣ доштанд. 3 чоҳи амудӣ барқарор гардида, 3 роҳи дохили деҳаҳо таъмир шуда, барқарорсозии як гузаргоҳ ба анҷом расонида шуд, ки барои вусъати корҳои кишоварзӣ ва рушди чорводорӣ, инчунин беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба аҳолии деҳот мусоидат менамоянд. Дар заминаи татбиқи лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, ки корҳои дигар амалӣ шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






