Қ. Лоиқзода: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ Э. Раҳмонро дар масъалаҳои марбут ба сулҳ ва об ҳамчун абармарди арсаи ҷаҳонӣ унвон додааст»
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Раиси ноҳияи Рашт, узви МММО ҶТ Лоиқзода Қаноатшо Холиқ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҳамраъйӣ ва ҷонибдории худ ва ҳамаи мардуми сарбаланди ноҳияи Раштро самимона изҳор намуд.
«Қабули ин қонун дар пешорӯи таҷлили ҷашни бузурги 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардум ва давлати тоҷикон дорои моҳияти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воқеан Пешвои дар тӯли солҳо санҷидашудаест, ки дар лаҳзаҳои мушкилу сарнавиштсоз ҳампаҳлу ва ҳамтақдири халқ буд ва барои ба соҳили саодату хушбахтӣ расонидани киштии ормону муроди халқи тоҷик сарсупурдагиву ҷонбозиҳои бемислу монанд намудааст.
Дар лаҳзае, ки ба мардуми тоҷик ва Истиқлолияти он хавфи парокандашавӣ таҳдид мекард, яъне моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Вай дар як муддати начандон тӯлонӣ тавонист дар мамлакат сулҳу суботро ҷорӣ намуда, қариб як миллион нафар фирориёнро аз хоки Афғонистон ва кишварҳои дигар ба Ватан баргардонад.
Аҳли ҷомеаи кишвар хуб медонад, ки барои мустаҳкам шудани Истиқлолият ва пояҳои давлатдории тоҷикон, рушду нумӯ ёфтани тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Он кас бузургтарин дастоварди на танҳо Иҷлосияи 16-ум мебошад, балки дар таърихи наву куҳани халқи тоҷик аз барҷастатарин шахсиятҳо ба шумор меравад.
Дар як давраи ҳассоси таърихӣ ва сарнавиштсози халқи тоҷик, ки ба халқу Ватан хатари завол ва порашавӣ таҳдид карда, тақдири миллат дар сари мӯй овезон буд, Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлату миллатро баруӯҳда гирифт ва бо ҷасорати бемонанди сиёсӣ ва донишу заковати фитрӣ кишварро аз вартаи заволу фаношавӣ раҳоӣ бахшид. Ӯ бо қалби саршор аз муҳаббат, бо идроку номус ва нангу ори ватандориву халқдӯстӣ тавонист тарафҳои даргирро ба созиш оварда, сулҳу ваҳдати миллиро дар саросари кишвар амалӣ гардонад.
Бо саъю талош ва заҳматҳои зиёди Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди собиқ мухолифини тоҷик шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Чунин иқдоми наҷиб ба хотири якпорчагии Ватан ва саодати халқу диёр амалӣ шуд. Таҷрибаи сулҳу ваҳдати халқи мо, ки Сарвари тоҷикон бунёдгузор ва меъмори он ба шумор меравад, аз ҷониби аҳли ҷомеаи дунё ҳамчун таҷрибаи нодир ва бесобиқаи сулҳофарӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Мисли дигар шахсиятҳои бузурги таърихӣ зиндагӣ ва фаъолияти Сарвари тоҷикон ба Ватану миллат ва доираи аз он ҳам фарохтар иртибот мегирад. Пешвои халқи тоҷик ҳамчун чеҳраи пурдурахши дунёи сиёсат дар арсаи байналмилалӣ, мунодиву муборизи матини сулҳу ваҳдат, фарзанди содиқи халқу Ватан сазовори обрӯ ва эҳтирому арҷгузории давлатҳову созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чеҳраҳои шинохтаи сиёсиву фарҳангии дунё ва сазовори меҳру муҳаббати самимонаи халқи кишвар гардидааст.
Саъю талоши ҳамешагии Сарвари давлати тоҷикон барои эҳёи рӯйдодҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои бостонӣ, баргузории ҷашнвораҳои шахсиятҳои бузурги олами илму адаби халқу кишварамон бениҳоят бузург аст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Сарвари тоҷикон ҷашни Наврӯз аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.
Тоҷикон ва форсизабонони дунё ба ӯ ҳамчун Сарвари худ меҳру ихлоси беандоза зиёд доранд Ӯ борҳо бо забони ноб ва зебову шевои тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, қадру қимати забони моро боз ҳам баландтар намуд.
Сарвари тоҷикон бо қарори Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо «Пешвои асри ХХ1» сарфароз гардонида шудааст, ки боиси ифтихор ва сарбаландии тамоми ҳамватанон ва тоҷикони рӯи ҷаҳон аст.
Иштирок ва суханрониҳои Президенти ҶТ дар иҷлосияҳои Маҷмаъи Умумии СММ ва дигар ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ далели обрӯ ва нуфузи шахсияти Президент ва давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба сулҳ ва об ҳамчун Абармарди арсаи ҷаҳонӣ унвон додааст. Пешниҳодҳои Роҳбари давлати мо, аз ҷумла эълони Соли оби тоза, даҳсолаи «Об барои ҳаёт» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаву мавриди татбиқ қарор гирифтаанд.
Шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ бо зиндагӣ ва кору пайкори худ дар сарнавишти ҳар як халқу кишвар нақши равшан ва пайванди ногусастанӣ барҷой гузошта, гузаштаи пурғановати халқу миллати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, роҳи имрӯзу ояндаи онро ҳамчун машъал мунаввар мегардонанд. Дар ин ҷода Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи барҷаста ва маъруфи сиёсии арсаи байналмилалӣ дорои нақшу мақоми хос мебошад.
Имрӯз танҳо ягонагӣ, сулҳу субот, ваҳдати тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳамқадамӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми моро метавонад ба сӯи рушду тараққӣ ва зиндагии ободу шукуфо ҳидоят намояд. Мо бо Пешвои худ ба ояндаи пурифтихори халқу Ватани худ бовари комил дорем.
Сафару мулоқоти Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ва мулоқоту вохӯриҳояш бо мардум, ифтитоҳи иншооту муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ва тиббиву саноатӣ ҳамчун далели равшани ворид шудан ба марҳилаи нави рушду нумӯи кишвар ва баёнгари рӯҳбаландӣ ва меҳру муҳаббати бепоёни мардум ба Президенти худ мебошад. Мо дасти сахову дили гарми Пешвои худро ҳангоми дар натиҷаи офатҳои табиӣ харобу вайрон гардидани хонаҳо дар ноҳияи худ ва дигар ноҳияҳои кӯҳӣ бештар эҳсос кардем. Сарвари давлат дар ҳама ҳол дар паҳлуи халқ буд, ҳаст ва хоҳад буд! Мо меҳру муҳаббати самимонаи Пешвои миллатро ба мардум ва меҳру муҳаббати самимонаи мардумро нисбат ба Пешвои худ ҳар лаҳзаву ҳар рӯз ба таври воқеӣ эҳсос мекунем!
Имрӯз аҳли ҷомеаи кишвар дар пешорӯи ҷашни бузурги 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои худ дар роҳи бунёди ҷомеаи навин бо азми қавӣ қадамҳои матину устувор мегузорад. Ободии мамлакат, рӯзгори осудаи мардум, тақвияти пояҳои давлатдории тоҷикон, обрӯву нуфузи миллату давлат, эҳёи таъриху фарҳанги пуршарафи ниёгон, рушду камоли тамоми соҳаҳои ҷомеаи кишвар бо ном ва кору пайкори ӯ иртиботи қавӣ дорад.
Кору пайкори бунёдкоронаи Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар китоби таърихи ҷовидонии миллат бо ҳарфҳои заррин ҷовидона сабт хоҳад гардид»!
Таҳияи Мавҷуда Анварӣ