М. Човушоғлу: «Туркия дар робита ба Русия сабри беҳад надорад»
Душанбе, 12.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Туркия Русияро ба таҳаммулпазирӣ даъват мекунад, вале «сабри он беҳад нест», — изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии маҳаллии «NTV».
М. Човушоғлу афзуд, ки Туркия ҳамчун як «давлати муосири баркамол» амал мекунад. Ӯ изҳор дошт, ки Туркия намехост ҳодисаи ҳамла ба Су-24-и Русия рух диҳад, аммо бори дигар таъкид кард, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии Туркияро вайрон карда буд. Бо вуҷуди ин, Туркия ҳамоно хостори баргаштан ба муносибатҳои қаблӣ бо Русия аст, — зикр намуд Човушоғлу.
Ёдовар мешавем, ки муносибати Русия бо Туркия пас аз он, ки қиркунандаи туркӣ Су-24-ро дар марз бо Сурия сарозер кард, тезу тунд гардид. Вазорати мудофиаи Русия вайрон кардани ҳарими ҳавоии Туркияро инкор кард.
Дар охири моҳи ноябр, президенти Русия Владимир Путин бар зидди Туркия таҳримҳо ҷорӣ кард.
Дар навбати худ, президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон изҳор дошт, ки омодааст ба таҳримҳои Русия нисбат ба Туркия вокуниш нишон диҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






