М. Муҳиддинҷонов: Кор кардан дар «Ховар» ифтихор аст

Декабрь 17, 2015 09:54

(Бахшида ба 90-солагии АМИТ «Ховар»)

Душанбе,17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Ман соли 1979, баъди хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Саратов,  ба ТоҷикТА ба кор омадам»,-гӯён нақлашро оғоз  кард собиқадори  Агентии “Ховар” Мақсудҷон Муҳиддинҷонов.  Ин шахси пуртамкину камгапро дар Агентии “Ховар” ва берун аз он чун акаи Мақсудҷон мешиносанду эҳтиромаш мекунанд. Имсол 36 сол мешавад, ки ин марди баруманд Агентии миллии иттилоотии “Ховар”-ро бо аксҳои  таъҷилию  воқеӣ таъмин менамояд. 
  “Ман пеш аз ин ҳам бо ТоҷикТА ҳамкорӣ доштам,-гӯён нақлашро идома дод акаи Мақсудҷон,-  Вақте ки ман дар рӯзномаи ноҳиявӣ кор мекардам, ба ТоҷикТА ба ҳайси таҷрибаомӯз омада будам. Ман кори пешаздипломиамро низ дар ин ҷо гузаштам. Дар ин ҷо ман аллакай ҳамаро мешинохтам, бо ҳама дӯстӣ доштам. Бинобар ин ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ва кори пешаздипломӣ  аз  роҳбарияти донишгоҳ хоҳиш намудам, ки кори пешаздипломиамро дар ТоҷикТА гузарам. Дар донишгоҳ  ба ман шарт монданд, ки агар дар агентӣ маро ба кор қабул кунанд, онҳо  зид нестанд. Пас аз як ҳафта ба номи ман мактуб аз агентӣ дар бораи додани иҷозат барои гузаштани кори пешаз дипломӣ дар ин ҷо омад. Ман ба фотохроникаи ТоҷикТА ба ҳайси таҷрибаомӯз омадам”. 
Аз рӯи нақлҳои акаи Мақсудҷон баъди хатми донишгоҳ вайро мехостанд ба бахши мутахассисони эҷодӣ ба кор гиранд. Вале дар ин байн дар бахши фотохроника як ҷойи корӣ  пайдо шуд. Ҳарчанд дар аввал директори онвақта намехост вайро  ба ҳайси муҳаррир ба кор гирад, зеро вай ҳоло ҷавон буд,  аммо боз кордонию чолокии акаи Мақсудро ба инобат гирифта, вайро  ба ҳайси мудири шуъбаи редаксияи суратахбори ТоҷикТА ба кор гирифтанд. 
 «Ховар»-и онрӯза  худ аз ду қисм иборат буд. Дар як қисми он хабарнигорон ва дар қисмати дигар  аксбардорон кор мекарданд. Дар  идораи  алоҳидаи аксбардорон, ки дар километри нуҳум ҷойгир буд, қариб 40 нафар фаъолият мекарданд.  Он ҷо сармуҳаррир, ду муовини сармуҳаррир, ки яке танҳо Маскав ва дуввум  дохили кишварро ба уҳда доштанд, кор мекарданд.  Аксбардорони дохилӣ рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва дигар расонаҳоро  бо акс таъмин мекарданд.  Аксҳои иттилоотӣ низ чун хабарҳо  таъҷилию саҳеҳ ва аз рӯи мундариҷаву мазмун ҳолати замони онрӯзаро инъикос мекарданд»,-илова намуд собиқадори Агентии «Ховар». 
Ҳамин тавр ин марди орому пуртамкин  дар «Ховар» фаъолияташро  оғоз кардааст. 
Мақсудҷон Муҳиддинҷонов  аслан байни ТоҷикТА ва «Ховар»-и имрӯза ягон фарқиятро намебинад, зеро ба гуфтаи вай  самти ҳам ТоҷикТА ва ҳам «Ховар» ин дастрасии  иттилои фаврӣ ва саҳеҳ мебошад.  «Тавре ки имрӯз хабарҳо оҷилӣ ва саҳеҳ омода мешаванд, дар давраи Шӯравӣ низ чунин буд.  Мо ҳуқуқи ба хатогӣ роҳ доданро надорем,  зеро мо агентии давлатӣ  ҳастем,  мо фаъолияти Президент Ҳукумат, Маҷлиси Олиро инъикос мекунем. Бинобар ҳамин кори мо бояд фаврӣ ва саҳеҳ бошад»,-андешаронӣ  кард корманди собиқадори «Ховар».
Имрӯз дар даврони ҷаҳонишавӣ илму  техника пеш рафта, асбобу таҷҳизоти аксбардорӣ ҳам ба куллӣ аз солҳои 80-уму 90-ум фарқ мекунанд. Ба гуфтаи акаи Мақсудҷон ҳоло аксбардорон камтар танбал шудаанд, зеро имрӯз эҷод дар кори аксбардорон камтар ба чашм мерасад. 
«Мо пештар дар лентаҳои махсуси аксбардорӣ акс гирифта, онро коркард мекардем,  баъдан он он аксҳо чоп мешуданд. Баъд аз гузаштан ба  аксбардории рақамӣ ҳамаи ҳавасмандии кори аксбардорӣ, ки аз лаҳзаи аксбардорӣ  то омода намудани акс эҷод, андеша ва завқро талаб мекард, имрӯз аз байн рафтааст. Бо гузаштан ба таҷҳизоти рақамӣ, албатта, фаврият бештар шудааст, яъне имрӯз метавон аз як кунҷи дунё аксбардорӣ карда, дар як лаҳза аз тариқи почтаи электрониву дигар навгониҳои интернет ба ҷои лозимӣ ирсол намуд, вале эҷод кардан кам шудааст»,-ибрози андеша намуд М. Муҳиддинҷонов.
Ҳангоми аз лаҳзаҳои хотирмони фаъолияти корӣ пурсон шудан, акаи Мақсудҷон гӯё ба ҳамон лаҳзаҳои хотирааш  баргашта бошад, даме ба хаёл фурӯ рафт. Пас аз чанде аз панҷаи хаёлот раҳо шуда, боз нақлашро идома дод: «Дар 35 соли фаъолият дар «Ховар» ба ман муяссар гардид, ки ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафар кунам.  Ҳамаи он сафарҳо барои ман хотирмон ва фаромӯшнашавандаанд». 
Акаи Мақсудҷон боз лаҳзае таваққуф карда, зери лаб табассум карду бо лабханд нақл кард: «Мо бо аксбардорон-муаллифони ғайриштатӣ низ кор мекардем. Як муаллифи ғайриштатиамон аз Ёвон  дар арафаи 9 май як аксеро  фиристода буд. Акс дар бораи иштирокдори ҶБВ, акси собиқадор, ки  дар куҷоҳо хизмат кардааст ва захмдор шуда, ба Ватан баргаштааст, гӯён акси ветерану дар як қоғази алоҳида расми пойро кашида бо ақрабак нишон додааст, ки тир ба ин ҷо расидааст. Ин хеле аҷиб буд. Як воқеаи дигар- як аксбардор аз ҳаёти ферма аксбардорӣ карда,  акси як буққаи калонро чоп карда, зери он  навишта буд: «Буққаи истеҳсолкунанда» (Бык производитель),  мо он рӯз хеле хандида будем». 
Мақсудҷон Муҳиддинҷонов моҳи майи соли 1950-ум дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шуда, мактаби миёнаи рақами 2-ро хатм кардааст. Дар Олмон адои хизмат карда, пас аз хизмати ҳарбӣ ба рӯзномаи ноҳиявӣ ба кор омадааст. Тавре  ки худи мусоҳиб мегӯяд, вай ду маротиба ба донишгоҳ ҳуҷҷат супорида, дохил шуда натавонистааст ва танҳо соли сеюм ба ӯ муяссаар гардидааст, ки унвони донишҷӯиро соҳиб шавад. 
«Ховар ба ман бисёр чизҳоро омӯхт, дар ин муддат ман бо рӯзноманигорони хеле бақувват кор кардам, бо нафароне, ки фазои иттилоотии Тоҷикистонро месохтанд, инҳо Олег Дмитриевич Соболев , дар  фотохроника Леонид Илич Окунев, Зинат Азизов,  Роберт Позняков,  нафароне буданд, ки тавонистанд, воқеаномаҳои Тоҷикистонро мунъакис кунанд. Аз тариқи ТАСС мо бо 130 агентии давлатҳои хориҷӣ алоқа доштем. Ҳар як иттилое, ки ТАСС қабул мекард, ба 130 самт равона мешуд. Агар дар он давра берун аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба сафар мерафтем ва  ягон маҷаллаеро мекушодем,  албатта, ягон акси шинос аз Тоҷикистонро медидем. Мо фаъолияти ҳар як соҳаро ҳам ба таври хаттӣ ва ҳам ба таври акс инъикос мекардем. Мо инчунин кормандони ТАСС ба ҳисоб мерафтем, дар ҳуҷатҳои мо ТАСС-ТоҷикТА навишта шуда буд. Вақте «ТАСС хабар медиҳад» мегуфтанд, ин маънои Иттиҳоди Шӯравӣ хабар медиҳадро ифода мекард. Кор дар ТоҷикТА ин ифтихор буд ва ҳаст, — гуфт ин марди наҷиб. 
Дар охири суҳбат мусоҳиби мо ба ҷавонони имрӯза муроҷиат намуда, маслиҳат дод, ки бояд аз собиқадорон корро омӯзанд, китоб мутолиа кунанд. «Олег Соболев бисёр китобҳои хуб барои рӯзноманигорон навиштааст, ки онро бояд ҳар рӯзноманигор хонад. Ман то ҳол он китобҳоро мехонаму барои худ як чизи нав мегирам», — афзуд акаи Мақсудҷон. 
Мақсудҷон Муҳиддинҷонов соҳиби оила, ду фарзанд ва 6 набера мебошад. Вай «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» буда, соли  2001 бо медали «Хизмати шоиста»  ва соли  2009   бо унвони «Корманди  шоистаи Тоҷикистон»  сарфароз  гардидааст. 

Таҳияи Лайло Тоирӣ.

 

Декабрь 17, 2015 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
Сигэру Исиба сарвазири Япония интихоб гардид
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд