М. Убайдуллоев: «Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвараш такя ва эътимод мекунад»

Декабрь 18, 2015 04:41

Душанбе, 18.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Ин лаҳзаҳо дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ҷараён дорад. 
Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронии худ,  аз ҷумла, изҳор дошт, ки: «Президенти Тоҷикистон фарзанди халқи худ аст ва беҳуда нест, ки  ӯро Президенти мардумӣ меноманд, зеро Сарвари давлат шурӯъ аз рӯзҳои аввал то ба имрӯз ба мардуми кишвараш такя ва эътимод мекунад. Муҳаббати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат кайҳо дар дили мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон макон кардааст.  Мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон аз қабули қонуни мазкур изҳори хушнудӣ мекунанд, ки расидани даҳҳо номаю шодбошҳо ва муроҷиатномаҳои дастаҷамъӣ гувоҳи барҳақи ин гуфтаҳоянд».
Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз муқаддима ва 16 боб иборат буда, дар он Ҷоизаи «Пешвои миллат» ва Ордени «Пешвои миллат» пешбинӣ шудааст.

 

 

Декабрь 18, 2015 04:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад