М. Убайдуллоев: «Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвараш такя ва эътимод мекунад»
Душанбе, 18.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Ин лаҳзаҳо дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ҷараён дорад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронии худ, аз ҷумла, изҳор дошт, ки: «Президенти Тоҷикистон фарзанди халқи худ аст ва беҳуда нест, ки ӯро Президенти мардумӣ меноманд, зеро Сарвари давлат шурӯъ аз рӯзҳои аввал то ба имрӯз ба мардуми кишвараш такя ва эътимод мекунад. Муҳаббати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат кайҳо дар дили мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон макон кардааст. Мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон аз қабули қонуни мазкур изҳори хушнудӣ мекунанд, ки расидани даҳҳо номаю шодбошҳо ва муроҷиатномаҳои дастаҷамъӣ гувоҳи барҳақи ин гуфтаҳоянд».
Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз муқаддима ва 16 боб иборат буда, дар он Ҷоизаи «Пешвои миллат» ва Ордени «Пешвои миллат» пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






