Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун
Роғун, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Зимни маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун оид ба фаъолияти ҳизб дар соли 2015, муҳокимаи камбудиҳои ҷойдошта ва муваффақиятҳо дар соли 2015 сухан рафт. Дар маҷлис раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз, раисони кумитаҳои ибтидоии иҷроияи ҲХДТ дар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун ва аъзои фаъоли ҳизб ширкат варзиданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Махфират Давлатова доир ба фаъолияти ҳизб дар соли 2015 ҳисобот дода, камбудиҳои ҷойдоштаро баён кард. Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз таъкид кард, ки ҳарчи бештар аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ва барои дар оянда тайёр намудани кадрҳои босавод бояд сафи аъзои ҳизбро пурра намоянд ва изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун эълон шудааст. Аз ин рӯ комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар сохтмони НБО — и Роғун корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд ва ҳизбиёни сохтмони НБО — и Роғун дар корҳои барқарорсозии ин сохтмони азими аср саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






