Марги фоҷиавии 401 нафар дар 11 моҳ ва 30 нафар дар 22 рӯз
Душанбе, 8.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи маълумоти расмӣ аз аввали соли 2015 то нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ 1303 садама дар роҳҳои мошингард рух додаанд, ки дар натиҷа 401 нафар ба ҳалокат расида, 1384 нафар ҷароҳати гунонуги ҷисмонӣ бардоштаанд.
Таассуфовар он аст, ки бар асари ин ҳодисаҳои нохуш кӯдакону наврасон низ ба ҳалокат расида, қисме аз онҳо ҷароҳат бардоштанд. Танҳо дар 22 рӯзи моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 104 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат 30 нафар, аз ҷумла 9 кӯдак ба ҳалокат расида, зиёда аз 105 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки агар падару модарон ва муаллимони мактабҳо ба беназоратӣ роҳ намедоданд, он гоҳ имкон дошт, ки фавти кӯдакон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ рух намедод. Мутаассифона, дар вақти дарсҳо баъзе хонандагони мактабҳо на аз пайи дониш, балки дар кӯчаҳо овора мегарданд, дар клубҳои интернетӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул мешаванд ва як қисми онҳо дар роҳу пайроҳаҳо ба фурӯши ҳар гуна мавод даст мезананд. Дар чунин ҳолатҳо кӯдакону наврасон аз сабаби надонистани қоидаи ҳаракат дар роҳ зери чархи мошинҳо мемонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






