Машварат дар шаҳри Қайроққум оид ба ҳуқуқи корфармо ва корманд
Душанбе, 04.11.2015. (АМИТ «Ховар) -Бо ташаббуси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 3 декабри соли 2015 дар Кохи Истиқлоли шаҳри Қайроққум бо иштироки зиёда аз 120 мудири шуъбаи кадрҳо, ҳуқуқшиносон, раисони иттифоқҳои касабаи ташкилоту муассисаҳо ва корфармоёни шаҳри Қайроққум, машварат дар мавзўи «Муносибатҳои меҳнатӣ, тартиби бастани созишномаву шартномаҳои коллективӣ, ҳуқуқи корфармо ва корманд» баргузор гардид.
Дар семинар миёни корфармоён ва мутахассисони соҳа оид ба масъалаҳои меҳнат, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, суғуртаи иҷтимоию нафақа, аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон, қоидаҳои гузаронидани санҷиши ҷойҳои корӣ аз рўи шароити меҳнат, бартараф намудани қарздорӣ аз музди меҳнат, тартиби пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, додани рухсатиҳои ҳомиладорӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






