ММ МО ҶТ Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро ҷонибдорӣ кард
Душанбе, 18.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро имрӯз мавриди баррасӣ қарор дода, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Раиси Кумитаи МММО ҶТ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Худоёрзода Бахтиёр Тавар зикр кард, ки қонуни мазкур бо истифода аз сохти ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати ҶТ пешниҳод гардида, 18-уми ноябри соли 2015 онро МНМОҶТ қабул намуд.
Ин қонун барои мутобиқсозӣ ба талаботи қонунгузории ҶТ, алалхусус Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ», инчунин ба низом даровардани тартиб ва таъйини нафақа ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, коҳиш додани ҷойҳои холии корӣ, зиёд намудани маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар заминаи сарфаи маблағҳои буҷети давлатӣ нигаронида шудааст.
Дар натиҷаи тағйирот аз ин пас аз мақомоти прокуратура ва суд ба нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ танҳо кормандони мақомоти прокуратура ва судяҳои суди ҳарбӣ ҳуқуқ доранд.
Аз рӯи тағйироту иловаҳо минбаъд хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сурати доштани собиқаи хизматии 25 сола ва зиёда аз он ҳуқуқи баромадан ба нафақаро пайдо мекунанд.
Ба онҳо мутаносибан 65% ва барои ҳар як соли иловагӣ 3% аз музди меҳнат илова шуда, то андозаи ниҳоии 80%-и музди меҳнат нафақа таъйин мешавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






