ММТ: Довталабон бояд ихтисоси писандидаи худро дар аввал гузоранд
Душанбе, 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТ) бо мақсади анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти дохилшавӣ тариқи низоми марказонидаи тестӣ дар моҳҳои октябр, ноябр ва декабри соли 2015 дар 277 муассисаи таълимӣ бо иштироки 19 476 нафар хатмкунанда ва омӯзгорони кишвар вохӯрӣ анҷом дод. Маҳмадалӣ Раҳмонов-муовини директори ММТ дар робита ба натиҷаи вохӯриҳои соли таҳсили 2014-2015 анҷомдода иттилоъ дод, ки бо вуҷуди гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои таблиғгарони ММТ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, ҳамоно бархе аз довталабон ба хатогиҳо роҳ доданд.
Ба гуфтаи муовини директори ММТ дар бештари ҳолатҳо довталабон бояд ба бартарии интихоби ихтисос диққат диҳанд, яъне вақте довталаб ҳуқуқ дорад дар доираи як кластер то 12 ихтисосро интихоб намояд, бояд дар мадди аввал он ихтисосеро гузорад, ки барои ӯ бештар писанд аст. «Аммо мутаассифона, баъзе довталабон дар ин самт ба хатогӣ роҳ доданд, аз ҷумла бартарии ихтисоси коллеҷҳоро аз ихтисоси Донишгоҳҳо дар мадди аввал гузоштаанд ё ҳолати дигар довталаб гурӯҳи шартномавиро дар аввал гузоштааст, гурӯҳи ройгонро дар ҷойи 2-юм ё 3-юм гузоштааст. Вақте ки ин довталабон бали баландро ба даст оварданд, аллакай ба гурӯҳи шартномавӣ шомил гардиданд ва бештари ин довталабон ба ММТ омада даъво мекунанд, ки бали баланд гирифтаанду мехоҳанд таҳсилро дар гурӯҳи ройгон идома диҳанд»,мегӯяд Маҳмадалӣ Раҳмонов.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






