“Мо бо Шумоем, Пешвои миллат”- чунин аст шиори толибилмони мактаби президентии Чкалов

Декабрь 21, 2015 12:03

Чкалов, 21.12.2015.  (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 21 декабр дар  Мактаби президентии шаҳри Чкалови вилояти Суғд дар робита ба  қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»  таҳти унвони «Мо бо Шумоем, Пешвои миллат» ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. 

Дар ҷамъомад, ки дар сатҳи баланд баргузор гашт, намояндагон аз макомоти шаҳр, кулли омӯзгорон, намояндагони кумитаи падару модарон ва хонандагони мактаб иштирок  намуданд. 

Директори Мактаби президентӣ М.С. Муинова роҷеъ ба мӯҳтавои қонун ва зарурати таърихии қабули он сухан карда, нақши таърихии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии пурнишоти мардуми  шарифи тоҷик таъкид намуда, қабули қонуни мазкурро дар шароити кунунӣ амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ ҳисобид.

 Ба гуфти сарвари мактаб, ин иқдоми вакилони халқ, пеш аз ҳама, аз ташаббус ва иродаи мардуми тоҷик, дарку маърифати амиқи ҷомеа аз талошҳо ва  хидматҳои Роҳбари давлат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар сарчашма гирифта, воқеан шоистаи истиқбол ва қобили таваҷҷуҳ ба шумор меравад, зеро  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари дурнигар, сулҳовар, ваҳдатшиор, инсони хирадварз, шахсияти бедордил ва меҳанпарасту дўстори халқи хеш ҳанўз аз оғози фаъолияти хеш ба ҳайси роҳбари давлат нахустин иқдоме, ки аз сар гирифт, такя бар эътимод ва бовари мардум  дошт, ки ин амр иродаи халқро барои  боз ҳам бештар ба ояндаи дурахшон ва наздик омадани замони сулҳу оштии миллӣ бовар кардан тақвият бахшид.

Муаллими фанни таърих А. Ҳалимов дар мавзӯи «Наҷотбахши миллату давлат» ва хонандаи синфи 11 Ш. Шораҳимов дар мавзӯи «Мо бо шумоем, пешвои миллат» иброз доштанд, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик,  Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, аз нестшавӣ раҳо намудани давлат, аз парокандашавӣ наҷот додани миллат ва аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Ватани маҳбубамон хизматҳои арзандаву шоистаро анҷом додааст. Ва бо пуштибонӣ аз қабули қонун сухан карда, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро  барҳақ асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  ва  Пешвои воқеиву арзандаи миллати тоҷик номиданд.

Дар умум, дар чорабинии мазкур беш аз 800 нафар ширкат варзида, пуштибонии амиқи хешро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» изҳор намуда, хизматҳои анҷомдодаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷовидона гардонидани номи миллати тоҷик, эҳёи давлатсозию миллатсозии тоҷикон ва бунёди аркони давлатдории миллӣ- таърихӣ эътироф карданд.

Дар фароварди ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби толибилмони мактаб сурудҳо дар васфи «Мо бачагони Ҷаноби олӣ», « Тоҷикистон» ва «Тоҷи сари даврони мо» иҷро гардиданд. 

Хотиррасон бояд намуд, ки мактаби президентӣ дар шаҳри Чкалов маҳз бо иқдом ва дастгирии Сарвари давлат бунёд ёфта, соли 2009-ум ба ифтихори 12-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба фаъолият оғоз кардааст.  

 Ин мактаб бо тарҳу лоиҳаи муҳташаму нодир дар минтақа ҳамто надорад. Дар мактаб барои таҳсили хонандагон, сайқали донишу маҳорати онҳо ва кори пурсамари муаллимон дар таълиму тарбия тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Бозгӯи ин гуфтаҳо ин аст, ки дар давоми солҳои хониши 2009-2015 мактаб дар сатҳи донишу тарбияи хонандагон чӣ дар миқёси вилоят ва чӣ ҷумҳурӣ ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардид.

Декабрь 21, 2015 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт менамоянд
Huawei дар Берлин дастгоҳҳои нави пӯшидашавандаро муаррифӣ ва оғози давраи тозаи инноватсияро эълон намуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Олмон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид