Муҷибулло Маликзода: Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон давои Тоҷикистон аст!
Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ман чунин як хосият дорам, агар ба хурдтарин ҷой ҳам биравам, аввал каме мехонам дар бораи ҳамон минтақа, дар бораи шахсони ҳамон минтақаи рафтаам. Дар бораи Тоҷикистон, ин кишвари ҳамсояву дӯст низ ҳамчунин бисёр хондааму бисёр медонам. Вале агар дар бораи шахсиятҳо бошад, ҳаминро мегӯям, ки аз Ҷаноби Раисҷумҳур хотироти хубе дорам, ки агар соатҳо ҳарф занам кам аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «давои» Тоҷикистон аст. Ҳаминро бояд бигӯям, ки ман ба бародарони тоҷик гуфтам, ки Шумо ҳамин амнияту оромиро ғанимат донед, боз ҳам муттаҳид бошед. Ба хотири он, ки сарнавишти Ироқу Сурия имрӯз барои аҳли сайёра дарси ибрат аст, зеро муттаҳиду сарҷамъ набудану ба равияву гурӯҳҳо ҷудо шудан онҳоро ба чунин ҳолати сангин овардааст. Дар ҳеҷ ҷои дунё касе намедонад ва ҳам наметавонад, ки чӣ гуна он ҳама бадбахтиро аз рӯзгори онҳо бартараф созад. На Созмони Милали Муттаҳид, на ҷомеаи байналхалқӣ ва на худашон наметавонанд, ки осудагиву оромии дубораро баргардонанд. Ба ин мазмун мо як зарбулмасал дорем, ки мегӯянд:
Як сар сад сарро ҷамъ мекунад, сад сар як сарро не…»,-гуфт намояндаи бахши тиҷорати Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Муҷибулло Маликзода.
-Ҷаноби Олӣ, Раисҷумҳури Шумо Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбар аз назари ман як шахсияти бисёр нек аст барои мардуми Тоҷикистон, чаро, ки тавонист ин миллатро сарҷамъ кунад, тинҷию оромиро дар ин кишвар ба пуррагӣ таъмин намояд. Дар ҳолати феълӣ бубинед, ки дар чор тарафи минтақа оташ аст ва дар ин гуна вазъият ҳифзу нигаҳдошти сулҳу оромӣ кори саҳлу осон нест. Дар ин ҷо боз ҳам саҳми роҳбари кишвар хеле чашмрас намоён мегардад. Як назари дигарам ин аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мардуми бофарҳангу маданият ва тамаддунофару сулҳофаранд. Худашон хубу бадро бештар мефаҳманд ва медонанд, ки чӣ бад ҳасту чӣ чизи дигар ба некиямон аст. Онҳо метавонанд, ки бо як ҳамапурсӣ худашон дар кулли Тоҷикистон, бо як ҳамдилию иттиҳод Ҷаноби Олиро ҷонибдорӣ намоянд, ки ин ниҳоят хуб аст. Мо ҳамеша бо мардуми Тоҷикистон ҳамназар будем. Давлати Афғонистон, мардуми Афғонистон кишвари дӯст, бародар кишваре буда, ки ҳеҷ вақт мо дар самти равобит мушкилӣ надоштем ва орзу мекунем, ки дар оянда ҳам мушкил надошта бошем. Ҳамеша дӯсту бародар бимонем, ки аз ин мо хеле ҳам хушҳол ҳастем. Таманно мекунем оромию осоиш ҳамвораву доимӣ бо мардуму миллати Тоҷикистон бошад, зеро дар чунин ҳолат миллату мардуми Афғонистон ҳам дар осоишу оромӣ зиндагӣ мекунанд. Ин орзуи ман барои ҳама мардуми Афғонистон мебошад!!!»,-гуфт дар идомаи суҳбаташ М. Маликзода.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






