Муҳокимаи Лоиҳаи Барномаи дастгирии буҷа дар БМТ
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — 14 декабри соли равон муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии иқтисодчии пешбари бонки номбурда оид ба Осиёи марказӣ Кристос Костополос мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мавзӯи таҳияи лоиҳаи «Барномаи дастгирии буҷет» ва 2барномаи сесолаи чораҳои маблағгузории сиёсати рушд»-ро баррасӣ карданд.
Зимни мулоқоти корӣ тарафҳо диққати асосиро ба муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи судманд асосан дар чорчӯбаи андешидани чораҳо барои амалӣ намудани барномаи номбурда ва натиҷаҳои барномаи маблағгузорӣ дар бахши рушд равона намуданд.
Мақсади асосии таҳияи барнома, пеш аз ҳама, кам кардани осебпазирии иқтисодиёт, афзудани сармоягузорӣ ба иқтисодиёт ва ба миён овардани фазои муътадили макроиқтисодӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Илова бар ин, ҷонибҳо ҳамчунин паҳлӯҳои дигари ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судмандро барои солҳои оянда мавриди баррасӣ қарор доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






