Муассисаи нигаҳдории роҳҳои мошингарди Ғончӣ ба зимистон омодааст
Ғончӣ, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Ғончӣ барои дар фасли сармо фаъолияти муназзам доштани соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия иттилоъ доданд, барои сари вакт ва самаранок тайёрӣ дидан, аз ҷониби коргоҳи мазкур иншооти зарурӣ, аз қабили пулу қубурҳо таъмиру таҷдид гардида, ҷойҳои ноҳамвор ва чуқургашта таъмир шуданд.
Ҳамчунин дар доираи татбиқи барномаи ноҳиявии ободонии роҳҳо ҳолати роҳҳои мошингард беҳтар гардида, муассисаи мазкур миқдори зарурии сӯзишворӣ, маводи зиддилағжиш, ангиштсанг ва ҳезумро захира карда, инчунин ду автогрейдер, ду трактор, як булдозер ва як мошин омодаи коранд.
Аз ҷониби корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»- и ноҳия 140 литр равғани молиданӣ, 16 тонна қум, 2,5 тонна намак захира шуда, ҷамъияти матлуботи ноҳия барои харид ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ бо 17 хоҷагӣ барои харидории 2163 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва барои хариди 800 тонна ангишт бо соҳибкорон шартнома баста шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






