Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Наталя Ханженкова

Декабрь 8, 2015 07:07

Душанбе, 8.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идоракунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Туркия ва Осиёи Марказӣ хонум Наталя Ханженковаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки аврупоӣ баррасӣ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро омили муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ арзёбӣ намуда, аз дастгирии доимии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар бахши хусусӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва бонкҳои тиҷоратӣ изҳори қаноат кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро дар бахшҳои инфрасохтор, обтаъминкунӣ, низоми бонкдорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ ва проблемаҳои дорои хислати минтақавӣ баррасӣ карданд.
Дар мулоқот инчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир баррасӣ гардида, доир ба иштироки бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ оид ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла лоиҳаи хатти баландшиддати барқии CASA-1000, гуфтугӯ сурат гирифт.

 

Декабрь 8, 2015 07:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд