Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Эрон
Душанбе, 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 26 декабри соли 2015 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода бо вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат Муҳаммад Ҷавод Зариф дидору мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷониба, ҷараёни иҷрои созишномаҳо, таҳаввулоти минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Эрон мавриди табодули афкори ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон доир ба вазъияти робитаи дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ибрози назар намуда, рушду инкишофи бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни кишварҳоро таъкид кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






