Мулоқоти Сарвари давлат бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Ян Вапавуори
Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Шоми имрӯз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Ян Вапавуори мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки сармоягузории аврупоӣ баррасӣ шуд.
»Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки аврупоии сармоягузорро шарики боэътимоди худ медонад ва омода аст, ки сатҳи ҳамкориҳоро боло бибарад”-изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро вобаста ба рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолияти бонкӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сармояи Бонки аврупоии сармоягузориро дар соҳаҳои ҷустуҷӯ, истеҳсол ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карданд.
Дар мулоқот инчунин доир ба иштироки бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла лоиҳаи хатти баландшиддати барқии CASA-1000 барои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, гуфтугӯ сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






