Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Кувайт

Декабрь 3, 2015 08:09

Душанбе, 03. 12. 2015. (АМИТ «Ховар») — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наваф  Абдулазиз Аленезӣ ва ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфта,   сафирро  ба муносибати  ба ин вазифа таъйин шуданаш  табрик намуда, сипас ҷонибҳо ба баррасии масъалаҳои марбут ба густариши муносибот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт пардохтанд.
            Шукурҷон Зуҳуров   ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Давлати Кувайт ва  саҳми ин кишварро дар рушди арсаи иқтисодии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки байни  ин давлатҳо 11 созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурду ривоҷи ҳамкории ҳамаҷониба тамоми асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. 
           Раиси Парлумони Тоҷикистон  ҳамчунин ибрози миннатдорӣ намуд, ки бо иштироки молиявии Бонки Рушди Исломӣ, Фонди рушди Саудӣ, Фонди кувайтии рушд, Фонди ОПЕК ва Фонди Абу — Забӣ ба Тоҷикистон маблағи 85 млн. доллари амрикоӣ ҷудо гардида, зимни сафари Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт байни роҳбарони ду кишвар мувофиқа ҳосил шуд, ки бо сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистон Беморхонаи байналмилалӣ ба истифода дода хоҳад шуд. 
             Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, ҳамкории дуҷониба  дар заминаҳои туризм, муҳоҷират, илму маориф, дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва сохтмони хаттҳои интиқоли барқ, энергияи барқароршаванда, сармоягузорӣ ва афзоиши ҳузури ширкатҳои хусусиву давлатии  Кувайт дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ибрози назар намуд.
         Вазорат ва сохторҳои дахлдори кишвари мо, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров, — омодаанд, ки ба Шумо лоиҳаҳои ҷолибро дар самтҳои зерини афзалиятнок: кушодани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни ду кишвар, сохтмони мактабҳо ва манзилҳои нави истиқоматӣ бо ҷалби сармояи Давлати Кувайт, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди асал, мева, сабзавот ва гӯшту шир бо мақсади содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр ба Давлати Кувайт, интиқоли оби нӯшокӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нафту газ, металлургияи ранга ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, дар соҳаи чорводорӣ ва моҳипарварӣ, бахши рушди кооператсияи истеҳсолӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва дизайнерӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкӣ, андоз, сармоягузорӣ, суғурта ва туризм, танзими фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар, ҳамкорӣ дар соҳаи илм, фарҳанг ва маориф пешниҳод созанд.
          Дар  мулоқот Сафири фавқулодда ва мухтори  Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Наваф  Абдулазиз Аленезӣ аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи олӣ ва тақвияти муносиботи дуҷонибаи байни кишвараш ва Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо талош хоҳад кард.

 

Декабрь 3, 2015 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад