Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Петер Буриан
Душанбе, 4.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 3 декабри соли 2015 дар Белгради Сербия дар ҳошияи иҷлосияи 22-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссел ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби «Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2015-2020»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин дар атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва омилҳое, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунанд, мубодилаи афкор намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






