Мулоқоти вазирон вазъиятро беҳтар накард
Душанбе, 04.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров пас аз мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Чавушоғлу, ки дирӯз дар Белград баргузор шуд, изҳор намуд, ки «Оид ба ҳодисаи ҳамла ба тайёраи Су-24 ягон сухани нав нашунид». Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу оид ба натиҷаҳои мулоқоташ бо Сергей Лавров изҳор кард, ки гуфтушунидҳо мушкилоти муносибатҳои Маскав ва Анқараро ҳал накарданд: «Мулоқот мувофиқ ба рӯҳия ва мавқеи роҳбарони ниҳодҳои хориҷии ҳарду кишвар сурат гирифт, вазъият ҳамоно зудалангагиранда боқӣ мемонад. Ғайривоқеӣ мебуд агар изҳор мекардем, ки нахустин мулоқот мушкилотро ҳал кард». Сергей Лавров гуфт, ки «Мо бо ҷониби Туркия бо дархости исроркоронаи онҳо мулоқот кардем, вале ягон ҳарфи нав нашунидем. Туркия тасдиқ кард, ки дар ҳамон мавқеъ, ки президент ва сарвазираш ба таври оммавӣ баён карда буданд, боқӣ мемонад. Мо низ аз баҳогузории худ ба ҳодисаи рӯйдода даст накашидем».
Мавлуд Чавушоғлу илова намуд, ки ҳарду ҷониб хоҳони минбаъд шиддат гирифтани вазъият нестанд. Ҳамтои ӯ Сергей Лавров ҳамчунин гуфт, ки Русия мардуми туркро дӯсти худ мешуморад ва онҳоеро, ки фармони ҳамла ба тайёраи Су-24-ро додаанд, бо мардуми турк ҳамроҳ намекунад.
Хотиррасон мекунем, ки чанд соат пеш дар Белград дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Туркия баргузор шуд. Мулоқоти С.Лавров ва М.Чавушоғлу пушти дарҳои баста муддати 40 дақиқа идома ёфт.
Ин нахустин робитаи мустақими Русия ва Туркия дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баъди ҳамлаи тайёраи F-16-и Туркия ба тайёраи бомбаафкани Су-24-и Русия, ки боиси марги сарнишини рус гардид, мебошад.








То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






