«Мусиқии водии Ҳисор»-маҳфил дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов маҳфили консертии «Мусиқии водии Ҳисор» доир гардид.
Дар маҳфил сурудҳои мардумӣ, ки дар тӯли ҳазорҳо сол аз аср ба асру аз насл ба насл гузаштаанд, аз ҷониби санъаткорони ҷавону умедбахш бо мусиқии ҷаззобу дилнавоз иҷро шуданд. Роҳбари бадеии барномаи мазкур ҳофизи мумтоз Убайдуллои Каромат буд.
Махсусан сурудҳои «Ёзихонӣ», «Ту садбарги кадом боғӣ», «Духтар аз Қаратоғ», «Ҳай гулай» ва «Чорзарби Ҳисор» мавриди писанди аҳли маҳфил гардиданд. Дар ҳақиқат санъаткорони водии Ҳисор дар рушди санъати миллии тоҷик нақши намоён доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






