Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: Таваҷҷуҳ ба дзюдо меафзояд
Кӯлоб, 23.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар шаҳри Кӯлоб байни ҷавонони соли таваллуди 1996- 1998 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид гӯштини навъи дзюдо баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур се рӯз идома карда, дар он зиёда аз 160 варзишгари ҷавон аз тамоми ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Ба иттилои масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб ҷалби зиёди варзишгарон ба ин намуди гӯштин шаҳодати он аст, ки он яке аз намудҳои варзиши олимпӣ ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои сардовари мусобиқа варзишгарон аз рӯи ҳашт вазн байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи ғолибон ва беҳтаринҳо ба дастаи мунтахаби ҷавонон оид ба гӯштини дзюдо шомил шуда, барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ омодагӣ мегиранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






