Мусобиқоти минтақавии Осиё байни духтарони 14 — сола дар Тоҷикистон сурат мегирад

Декабрь 24, 2015 06:15

Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Конфедератсияи  футболи  Осиё Тоҷикистонро  ҷойи  гузаронидани  мусобиқоти  минтақавии  Осиё — 2016  байни  духтарони  синнашон  то  14 интихоб  намуд.
Қирғизистон,  Бангладеш,  Непал ва Шри — Ланка  низ барои   гирифтани ҳуқуқи доир  намудани ин  мусобиқот  иддао  доштанд. 
Мусобиқоти  минтақавии  Осиё  аз  18  апрел то  1  майи соли оянда  баргузор  мегарданд. Бозиҳо  дар  варзишгоҳи  «Авиатор» — и  пойтахт  ва Академияи клуби «Истиқлол», воқеъ  дар   шаҳраки   Алмосии  ноҳияи  Ҳисор сурат мегиранд. Дар  назар  аст, ки  дар  мусобиқот  дастаҳои  Тоҷикистон,  Эрон, Қирғизистон, Бангладеш, Бутон,  Ҳиндустон, Малдив,  Непал  ва  Шри — Ланка   иштирок  намоянд. Дар  ҷараёни   мусобиқот  курсҳои омӯзишии  доварони  навкор низ  доир  мешаванд. 
Ёдовар  мешавем, ки Тоҷикистон дар  соли  оянда ҷойи гузаронидани Ҷашнвораи  минтақавии  футболи Конфедератсияи  футболи  Осиё  барои   ҷавонони  синнашон  то  14 — и  кишварҳои Осиёи  Марказию  Ҷанубӣ мегардад,  ки он  аз  18  то 31  май баргузор  мешавад.

 

Декабрь 24, 2015 06:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад