Муваффақиятҳои назарраси кишоварзони шаҳри Вахдат

Декабрь 26, 2015 07:09

 Вахдат, 26.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба  иттилои  сардори    раёсати   кишоварзии   шахри   Вахдат    Давлат  Холиқов   соли  2015   барои  кишоварзон  соли  барору  комёбиҳо   буд. Дар   хоҷагиҳои  истеҳсолии   шаҳр,  дар  майдони   умумии   10 З60  га   маҳсулоти  ғалладонагӣ   кошта   шуд, ки   4144 гектари онро   заминҳои  обии   кишоварзӣ  ташкил  медиҳанд. Хоҷагидорон   аз  майдонҳои   ғалладонагӣ, 41 512   тонна  ҳосил  гирифтанд, ки 40,1  фоизи   нақшаро   ташкил  медиҳад.  Бояд зикр  кард, ки   дар  майдонҳои  обӣ     кишоварзон  ҳамагӣ   дар  майдони 912  гектар картошка, дар  майдони 29З8 гектар  сабзавот, аз  қабили пиёзу сабзӣ  ва  дигар  маҳсулоти   полизӣ  кишт  намуданд  ва   ҳосили  умумии 7620  тоннаро  ба   даст  оварданд,           ки  180,1    фоизи   нақшаро  ташкил  медиҳад.                                                                                                          

Сардори  раёсати  кишоварзии шаҳр   Давлат  Холиқов  афзуд, ки  зироаткорони  хоҷагиҳои  шаҳр аз  майдони 264 гектар  пахта, 225  гектар  полезӣ, 1027 гектар  зағир, масъар  ва  офтобпараст аз 2688  гектар  мева  ва     аз  майдони  1817  гектар  ангур рӯёниданд, ки  аз  он  404 тонна  пахта, 2З04  тонна  полезиҳо, 1З478 тонна  мева, 1850  тонна  зағир,масъар  ва  офтобпараст  ва 8585  тонна  ангурро   дар  соли  равон  ташкил  медиҳад.

 

Декабрь 26, 2015 07:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!