Мувофиқаи Чину Тоҷикистон дар мавриди таҷҳизоти бахши пулис

Декабрь 21, 2015 04:19

Душанбе, 21.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати   корҳои дохилии ҶТ  ва Вазорати амнияти ҷамъиятии ҶМЧ  дар  бораи  таъминот  бо  таҷҳизоти  мавриди  зарурати   пулис  дар  ҳошияи   расонидани ёрии  маҷҷонӣ   ба  Тоҷикистон  мувофиқа  намуданд.  Ҳуҷҷати дахлдорро  аз  рӯи  натиҷаи  гуфтушунид  вазири   корҳои дохилии  Тоҷикистон  Рамазон  Раҳимзода  ва  сафири  ҶМЧ  дар  Тоҷикистон  Юе  Бин  имзо  намуданд. 
Тавре  ки   маркази  матбуоти  ВКД хабар  медиҳад, ҷонибҳо  масоили   марбут ба ҳамкорӣ  дар  мубориза  бо ситезаҷӯиҳои   имрӯза,  аз  қабили  терроризм,  ифротталабӣ ва  сепаратизмро   мавриди  муҳокима  қарор  доданд. 
Зикр  шуд, ки  ҳамкории  миёни   мақомоти   ҳифзи  ҳуқуқи  ҳар  ду  кишвар дар  асоси   шартномаҳои  дуҷонибаю  бисёрҷониба   сол  аз  сол   рушд  ёфта,  ба  муборизаи   зидди  хавфу  хатар  ва  ситезаҷӯиҳои ҷаҳонии  имрӯза ба таври  судманд ёрӣ  мерасонад. 

 

Декабрь 21, 2015 04:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад