Музоядаи аввалин дар Низоми нав ва ягонаи электронии савдои байнибонкӣ дар БМТ
Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шурӯъ аз 7 декабр дар таърихи низоми бонкии кишвар Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор тавассути заминаи кории ширкати “Томсон Ройтерс” дар Бонки миллии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, минбаъд тамоми амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза таввасути ин низом аз тариқи баргузории музоядаҳо гузаронида хоҳад шуд.
Ин иқдом барои фаъол намудани бозори байнибонкии асъор ва беҳтар кардани шароити мусоид оид ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ тавассути низоми асосӣ ва инфрасохтори бонк байни ташкилоти қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
То имрӯз аллакай 19 ташкилоти қарзӣ ба низоми номбурда пайваст шудаанд ва метавонанд аз имкониятҳои васеи он баҳрабардорӣ намоянд. Дигар ташкилоти қарзие, ки ҳоло пайваст нашудаанд ё дар ҷараёни пайвастшавӣ мебошанд, баъд аз пурра шомил шудан ба он ба бозори байнибонкии асъор роҳ меёбанд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз татбиқи ҷадиди заминаи ширкати “Томсон Ройтерс” дар БМТ- ин дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ намудани бозори байнибонкии асъор, мубодилаи асъор байни ташкилоти қарзӣ буда, иҷрои самараноки он ба мутобиқ гардонидани бозори ғайринақдӣ ба платформаи мазкур оварда мерасонад. Ин амал яке аз бандҳои асосӣ ва муҳими иҷрои барномаи ислоҳоти Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар музоядаи дирӯза аз 2 млн. доллари ИМА-и ба бозори байнибонкии асъор пешниҳодшуда 42,5 фоизи он бо дархости иштирокдорони ин бозор фурӯхта шуда, талаботи онҳо қонеъ гардонида шуд.








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






