«Нақши профессор Азиза Азимова дар рушди санъати рақси касбии тоҷик»-конфронси илмӣ
Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар толори консертии «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-эҷодӣ таҳти унвони «Нақши проофессор Азиза Азимова дар рушди санъати рақси касбии тоҷик» бахшида ба 100-солагии ҳаёт ва фаъолияти омӯзгориву эҷодии Ҳунапешаи халқии Тоҷикистон профессор Азиза Азимова ҷараён дорад. Дар конфронси мазкур дар мавзуъҳои «Маликаи рақси тоҷик», «Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Азиза Азимова», «Азиза Азимова иштирокчии якумин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав», «Нақши Азиза Азимова дар рушди санъати рақси касбии тоҷик», «Саҳми Азиза Азимова дар тарбияи мутахассисони баландихтихтисои санъати рақс», «Азиза Азимова асосгузори кафедраи санъати рақси ДДФСТ ба номи М. Турсунзода», «Азиза Азимова и её вклад в развитие балета в Таджикистане» ва дигар мавзуъҳо маърӯза мекунанд. Дар поёни конфронс дар толори консертии донишкада барномаи фарҳанги бахшида ба 100-солагии ҳаёт ва фаъолияти омӯзгориву эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон профессор Азиза Азимова баргузор мегардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






